Дастурамали мазкур дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (JICA) «Беҳтар намудани хизматрасонӣ, дониш ва таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани ташкилотҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон таҳия ва нашр карда шуд.
Шарипов Нурулло
дотсенти кафедраи растанипарварии
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи
Шириншоҳ Шоҳтемур маводҳоро
ҷамъ оварда, ба чоп омода кард.
мархамат барои худ шакли электронияшро сабт кунед
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокии гандум>
Гандум яке аз зироатҳои асосӣ ва муҳими озуқаворист. Дони гандум дар таркиби худ 12-19% сафеда, 63-79% оҳар (крахмал), 2,0% равған дорад. Аз дони гандум спирт, оҳар, ширеш (декстрин),ярма истеҳсол мекунанд. Сабӯс, пахол ва коҳрезааш ҳамчун хӯрокаи чорво истифода бурда мешавад.
Таркиби дони гандум
Гандум дар Тоҷикистон дар байни зироатҳои ғалладонагӣ бо масоҳати майдонҳои кишт дар ҷои аввал меистад. Соли 2009 майдони кишти гандум 358766 гектар, ҷамъовари умумии хосил 938435 тонна ва хосилнокии миёна бошад 25.1 сентнерро ташкил дод.
Дар ҷумҳурии мо асосан гандуми тирамоҳӣ мекоранд. Зеро дар ин мавсим растанӣ метавонад нами боришоти давраи тирамоҳ, зимистон ва авали баҳорро самаранок истифода барад. Ин аст, ки гандуми тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ серҳосилтар мебошад.
Хоҷагиҳои пешқадаме, ки қоидаҳои асосии парвариши ин зироатро пурра ба ҷо меоваранд, ҳосили баланд ба даст меоранд.
Дар таҷрибаҳои илмии кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншох Шоҳтемур истифодаи меъёрҳои ҳисобшудаи нуриҳо имконият дод, ки аз гандуми навъи «Сете-Серрос-66» дар шароити заминҳои обии води Ҳисор аз ҳар як гектар 60-70 сентнер дон гирифта шавад.
Дар хоҷагии пешқадами ба номи Мукарамови ноҳияи Исфара дар натиҷаи мукаммалгардонии технологияи парвариш солҳои охир аз ҳар як гектар замини кишти гандум навъи «Спортан» то 80 сентнерӣ дон рӯёнида мешавад.
Дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Гомели вилояти Гомел (Ҷумҳурии Белорус) аз майдони 34 гектар аз навъи гандуми «Шедрая» 104 сентнер дон гирифта шудааст. Дар Бритониёи Кабир, Исландия ҳосили миёнаи гандум аз як гектар ба 80 сентнер мерасад. Дар Бритониёи Кабир баъзе хоҷагиҳои фермерӣ аз ҳар гектар то 150 сентнер дони гандум мегиранд. Ин мисолҳо аз дараҷаи баланди ҳосилнокии ҳақиқии гандум шаҳодат медиҳад.
Дар ҷумҳурии мо асосан гандуми мулоим, ки дорои аҳамияти калони хоҷагӣ аст, паҳн шудааст. Бисёр хелнамудҳои гандуми мулоим ба зернамуди иронию осиёгӣ тааллуқ доранд. Аз рӯи сифат дони навъҳои гандуми мулоим ба навъҳои қавӣ, миёна ва суст (ҷадвали № 1) ҷудо мешаванд.
Гандуми қавиро беҳкунандаи сифат меноманд. Зеро дар вақти илова кардани он ба гандуми суст сифати маҳсулот (мазза, ранг ва ҳачми нон) беҳтар мешавад. Ҷадвали 1. Талабот ба сифати дони гандуми мулоим (ГОСТ 9354-7)
Нишондодҳо |
Гандуми қавӣ | Гандуми миёна | Гандуми суст |
| Миқдори сафеда, % | на кам аз 14 | 11,0-13,9 | камтар аз 11 |
| Сифати ширешӣ, гурӯҳ | I | II | II-III |
| Ширеши хом, % | на кам аз 28 | 25-28 | камтар аз 26 |
| Ҳаҷми нон (аз 100 гр орд), см3 | на кам аз 550 | 450-500 | камтар aз 450 |
| Шаффофӣ, % Гандуми сурхдона Гандуми сафеддона |
75 60 |
- - |
- - |
Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳои гандум. Авлоди гандум (Тriticum), 22 намуд, дорад. Ду намуди он: гандуми мулоим (Тriticum aestivum) ва гандуми сахт (Тriticum durum Dect) дорои аҳамияти истеҳсолианд. Дони гандум дар ҳарорати 1-2°С ба сабзиш cap мекунад. Барои пурра пайдо шудани маӣсаҳо ҳарорати 12-15°С лозим аст. Агар гандуми тирамоҳӣ барфпӯш набошад, -16-18°С лозим, ки онро сармо занад. Дар сурати барфпӯш будани маӣсаҳо онҳо метавонанд, ки то -30°С будани ҳарорати ҳаво осеб набинанд.
Давраи панҷазании гандум
Гандум намталаб аст. Коэффисенти транспиратсионии он (бухоршавии об) ба 400-500 воҳид баробар мебошад. Кишти тирамоҳӣ дар шароити Тоҷикистон ҳангоми лоэими будани намӣ ва истифодаи дурусти нуриҳо нағз сабзида, ҳосили баланд медиҳад. Намие, ки барои сабзишу инкишофи мӯътадил ва гирифтани ҳосили баланд зарур аст, дар ҳудуди 70-75% НК (намиғунҷоиши камтарин) мебошад. НК - чунин ҳолати хокест, ки он пас аз қатъ гардидани боришот ва ё обмонӣ нисбати массаи худ камтарин миқдори обро нигоҳ дошта метавонад. Дар истеҳсолот ин нишондод барои муайян кардани мӯҳлат ва меъёри обмонӣ истифода бурда мешавад.
Гандум нисбати хок ва ҳосилхезии он серталаб аст. Аз ин боис он дар заминҳои ҳосилхезу ба қадри зарурӣ сернам ва аз алафҳои бегона тоза бояд кошта шавад. Давомнокии давраи нашъунамои гандуми тирамоҳӣ вобаста ба навъ, мӯҳлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рӯз аст.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини гандум ноҳиябандӣ карда шудаанд: аз гандумҳои мулоим – «Сете Серрос-66», «Наврӯз», «Эритроспермум-401», «Алекс», «Сафедаки маҳаллӣ», «Зафар», «Норман», «Ормон», «Сомонӣ», «Стекловидная 24», «Зироат 70» ва аз гандумҳои сахт – «Ватан», «Шамъ» ва «Президент».
«Сете-Серрос-66» - навъи Мексикании поякӯтоҳу барвақти буда, тирамоҳ ва баҳор кошта мешавад. Навъи биологии баҳорӣ, қадпасту хобнорав буда, чандон тоби хушкӣ ва хунукӣ надорад. Вазни 1000 донаш 37,6-42,2 г. Дар солҳои сербориш ба каслии зангзанӣ гирифтор мешавад.
«Наврӯз» - навъи барвақти, хобнорав аст. Ба зимистонгузаронӣ нисбат ба навъи «Сете-Серрос-66» тобовартар мебошад. Ба касалии зангзанӣ кам гирифтор шуда, ба сиёҳаки сахт ба таври миёна гнрифтор мегардад. Ба хели намуди Эритроспермум мансуб аст.
«Сафедаки маҳаллӣ» - дар шароити ВМБК мутобиқ кунонда шудааст. Хели намудаш Грекум мебошад. Навъи биологии баҳорист, лекин дар тирамоҳ ҳам кошта мешавад, яъне он гандуми дуфасла аст. Донаш сафеду оҳардор буда, вазни 1000 донаш ба 47,2 г. баробар мебошад. Аз пошхурии дон устувор буда, ба хобидан нимустувор аст. Шаффофияш 70% буда, дар таркиби донаш 16,5% протеин ва 41,2% оҳар дорад.
«Эритроспермум-401» - дар Институти илмӣ-тадқиқотии «Ғалла»-и Узбекистон бо роҳи интихоби бисёркарата аз комбинатсияи дурагаи «Сурхан-5688 Х Предгорная» бароварда шудааст. Дар ҷумҳурии мо аз соли 1986 кишт мешавад. Ин навъ дар заминҳои лалмии минтақаҳои иқлимии ҷумҳурӣ (ғайр aз ВМБК) кишт мешавад. Вазни 1000 донааш 40-48 г. мебошад. Давраи нашъунамояш 126-131 рӯз буда, ҳосили миёнаи донаш дар китъаҳои навъсанҷии лалмӣ 2,2 тонна/га мебошад. Навъи мнёнапазаки думавсима буда, дар шароити ҷумҳурӣ зимистонгузаронияш хуб аст ва бахушкӣ тобоварияш баланд мебошад.
«Ватан» - аз наъви гандуми сахт мебошад. Вазни 1000 донааш 47 г. буда, ба хушкӣ тобовар аст. Хобнорав буда, ба касалии зангзанӣ кам гирифтор мешавад. Шаффофияш баланд - 98%, дар донаш 17,1% протеин (ширешак) дорад. Ба хели намуди леукурум тааллуқ дорад.Дар шароити Осиёи Маркази бештар навҳои андуми дуфаслае паҳн шудаанд,ки ҳам тирамоҳ ва ҳам баҳор кишт карда мешаванд. Ҷадвали 2. НАВЪХОИ ГАНДУМЕ, КИ ДАР шароити иклими ТОЧИКИСТОН НОХИЯБАНДИ карда ШУДААНД
№ |
Номи навъхо | Соли нохиябанди | Дар кадом мамлакат раёнида шудааст | Мухлати кишт | Дар кадом зиминхо кишт карда мешавад |
| Гандуми мулоим | |||||
| 1 | Сафедаки махали | 1939 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ, лалмӣ |
| 2 | Сете-серрос - 66 | 1976 | Мексика | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ, лалмӣ |
| 3 | Навруз | 1982 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ, лалмӣ |
| 4 | Эритроспермум- 401 | 1986 | Узбекистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ, лалмӣ |
| 5 | Стекловидный – 24 | 2002 | Казокистон | Тирамох | Обӣ, лалмӣ |
| 6 | Зафар | 2004 | Точикистон | Бахору тирамох+тобистон (дуфасла) | Обӣ |
| 7 | Алекс | 2007 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ |
| 8 | Норманн | 2007 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ |
| 9 | Ормон | 2008 | Точикистон | Тирамох) | Обӣ, лалмӣ |
| 10 | Сомони | 2008 | Точикистон | Тирамох (дуфасла) | Обӣ |
| 11 | Зироат - 70 | 2009 | Точикистон | Тирамох (дуфасла) | Обӣ |
| Гандуми сахт | |||||
| 12 | Ватан | 1978 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ, лалмӣ |
| 13 | Шамъ | 2003 | Точикистон | Бахору тирамох (дуфасла) |
Обӣ |
| 14 | Президент | 2006 | Точикистон | Бахору тирамох | Обӣ |
АГРОТЕХНИКАИ ПАРВАРИШИ ГАНДУМ
ПЕШИНАКИШТ. Барои гандуми дар заминҳои лалмӣ киштшаванда зироатҳои пешкиштаи беҳтарин инҳоянд: юнучқа, лӯбиёдонагиҳо, зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда - картошка, полезиҳо, ҷуворимакка, ҷуворӣ.
Дар заминҳои обӣ гандум пас аз зироатҳои пахта, юнучқа, лӯбиёдонагиҳо (лӯбиё, лӯбиёи чинӣ), ҷуворимакка, ҷуворӣ ва зироатҳои полезӣ ҳосили баланд медиҳад.
Дар Тоҷикистон барои заминҳои лалмӣ вобаста ба хусусиятҳои табиию иқлимӣ гузаронидани киштагардонҳо аз рӯи нақшаи зерин тавсия мешаванд:
1. Барои заминҳои лалмии аз бориш кам ва нимтаъмини вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияи Турсунзода киштгардонҳои се ва панҷмайдона:
Киштгардони семайдона: 1. Замини дамдодашудаи тоза; 2.Гандуми тирамоҳӣ; 3.Гандуми тирамоҳӣ.
Киштгардони панҷмайдона. 1.Замини дамдодашудаи тоза ё банд; 2.Гандуми тирамоҳӣ; 3.Омехтаи зироатҳои ғаллагӣ ва лӯбиёгӣ; 4.Гандуми тирамоҳӣ; 5.Ҷави тирамоҳӣ.
2. Барои заминҳои лалмии аз бориш таъмини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдат киштгардонҳои шаш ва даҳмайдона:
Киштгардони шашмайдона: 1.Заминҳои дамдодашудаи банд; 2.Гандуми тирамоҳӣ; 3.Лӯбиёгиҳои донӣ; 4.Гандуми тирамоҳӣ; 5.Зироатҳои баӣни қаторашон коркардашаванда; 6.Ҷави тирамоҳӣ ё сулии баҳорӣ.
Киштгардони даҳмайдона: 1 – 3. Алафҳои бисёрсола (юнуҷка); 4.Гандуми тирамоҳӣ; 5.Зироатҳои ембобу-хошокӣ; 6.Лӯбиёгиҳои донӣ 7.Гандуми тирамоҳӣ 8.Зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда; 9.Гандуми тирамоҳӣ; 10.Ҷави тирамоҳӣ.
3. Барои гуруҳи ноҳияҳои Рaшт ва минтақаҳои баландкӯҳи Рашту Кӯлоб бояд киштгардонҳои давраи гардиши хурд доштаи ғаллагию-зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда 1.Ғаллагиҳо. 2.Зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда. 3. Ғаллагиҳо ҷорӣ карда шавад.
КОРКАРДИ ХОК. Силсилаи коркарди хок барои гандум ба зироати пешинакишт, хусисиятҳои минтақа ва ҳолати майдонҳо зич алоқаманд аст. Он бояд заминро аз бодлесӣ нигоҳ дошта, намнокии заминро нигоҳ медорад. Пас аз коркард сатҳи замин бояд ҳамвор гашта, алафҳои бегона, ҳашароти зараррасону барангезандагони касалиҳои растанӣ нест карда шаванд.
Дар заминҳоӣ лалмие, ки норасоии намӣ мушоҳида карда мешавад, вазифаи асосии коркарди хок аз ғун кардан ванигоҳ доштани намӣ иборат аст.
Мувофиқи тавсияномаҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оиди парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, шудгори заминҳои дамдодашудаи сиёҳ, тирамоҳи барвақт дар чуқурии 25-30 см бо испорҳои (плугҳои) ПН-3-35, ПЯ-4-35-и пешпозадор, ки ба тракторҳои ДТ-75, Т-4, Т-40 ва ғайра пайваст шудаанд, гузаронида мешавад.
Дар давоми давраҳои тирамоҳ, баҳор ва тобистон бо мурури сабзидани алафҳои бегона тавассути мухашшакҳои тағмаш ЛДГ-5, ЛДГ-10, нармкунакҳо дар чуқурии 8-10 см вобаст ба ҳолат ва вазъи пайдошавии алафҳои бегона коркарди қабатӣ гузаронида мешавад.
Дар сурати ҳамчун пешинакишт истифода шудани зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда ва нағз парвариш кардани онҳо, дар давраи нашъунамо майдон аз алафҳои бегона нисбатан тоза шуда, қабати болоии хок дар чуқурии 8-10 см нарм мемонад. Бинобар он, дар чунин майдон барои коштани знроатҳои ғалладонагӣ гузаронидани чархмола бо чархмолаҳои вазнини тағмаи БДТ-3 дар чуқурии 8-12 см ё ин ки чизел кардан дар чуқурии 16-18 см тавассути ду қатор сихмола кофист.
Ҳангоми коштани гандум пас аз дарав кардани дигар зироатҳои ғалладонагӣ шудгори поязорро ҳатман пас аз ғунучини ҳосили зироати пешинакишт бо воситаи испорҳои пешпозадор дар чуқурии 25-30 см гузаронида мешавад. Сари вақт гузаронидани шудгор имкон медиҳад, ки сатҳи замин ҳамвор гашта, кулухчаҳо майда шаванду коркарди пеш аз кишт осон гардад.Агар дар заминҳои лалмӣ юнучқа барои гандум зироати пешинакишт бошад, шудгори онро пас аз дарави якӯм дар чуқурии 30-35 см мегузаронанд, то ки қабати шудгор пурра хокгардон шавад. Пас аз дарави якум барои он шудгор мегузаронанд, ки дар ин ҳангом хок захираи муаяни намӣ дорад.
Дар заминиҳои обӣ агар хок хушк бошад, пеш аз шудгор оби намиғункунанда монда, сипас баъди расиши он тавассути испори пешпозадор дар чуқурии 28-35 см шудгор мегузаронанд. Хокҳоеро, ки қабати ҳосилхези онҳо пурзӯр аст ва тухми алафҳои бегона баромадааст то 35см шудгор бояд кард. Ин вакт бояд қабати шудгор пурра чаппа карда шавад. Бо ин мақсад аз испорҳои дуқабата истифода мебаранд.
Фарқият аз чуқурии муайяншудаи шудгор ±2 см, баландии пуштаҳои хобондашудаи хок ва чуқурии ҷӯякҳои ҷудокунанда набояд аз 5 см зиёд бошанд.
Коркарди пеш аз кишти хоказ гузаронидани чархмола бо БДТ-3 ё БДТ-7 ва сихмолаҳои дандонадори БЗТС-1,0 дар чуқурии 6-8 см дар самти кӯндалангии замини пеш коркардашуда бо мақсади ҳамворкунӣ ва майда гаштани кулӯх аст.
Майдон барои кишт бояд ҳамвор бошад, дар қабати коркардшавандааш кулӯхчаҳои андозаашон аз 1 то 5 см буда дошта бошад. Тағйирёбии чуқурии муқарраршуда бояд дар вақти иҷрои қор на аз ±1 см фарқ кунад
Яке аз шартҳои асосии рӯёндани майсазор, гузаронидани кишти саривақтӣ пас аз коркарди хок мебошад. Ин махсусан дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки он ҷо тирамоҳ ҳарорати ҳаво хеле баланд буда, намӣ аз қабати болоии хок тез мепарад, аҳамияти калон дорад.
НУРИДҲӢ. Талаботи гандум ба нуриҳо бо роҳи ҳисобию назардошти ташхиси кимёвии хок, андозаи ҳосили тарҳрезишуда ва ҳусусиятҳои навъҳо муайян карда мешавад.
Нуриҳои минерали нитрогенӣ, фосфорӣ ва калидор дар таносубҳои муайян, қисм-қисм ва дар асоси назардошти маълумотҳои ташхиси хоку растаниҳо истифода бурда шаванд. Гандум барои пайдо кардани 1 сентнери дон ва хамин микдор баргу пояа растани аз хок 3,25 кг. нитроген, 1,25 кг фосфор ва 2,0 кг. калийро талаб мскунад.
аҳамияти калон дорад.Самаранокии истифодаи нуриҳои нитрогенӣ ва фосфорӣ ҳангоми кишт якҷоя бо тухмӣ дар ҳаҷми 20-30 кг моддаи таъсирбахш (МТ) ба ҳар як гектар. Истифодаи фосфор дар вақти кишт имконият медиҳад, ки майсазори саросар ва решаи пурқуввату инкишофёфта паӣдо шавад.
Самаранокии нуриҳои фосфорӣ дар он сурат меафзояд, ки чуқур рехтани онҳо ҳангоми шудгор бо пошидани онҳо дар вақти кишт мувофиқ кунонида шавад. Чадвали 3. МИҚДОРИ NPК ДАР НУРИҲОИ ОРГАНИКИИ МАҲАЛЛӢ (аз рӯи Мишеряков А.М.)
№ р/т |
Номи нурӣ | Дар 1 тоннаи нурӣ миқдори NPК бо кг | ||
| N | Р2О5 | К2О | ||
|
1. |
Поруи гов |
4,0 |
2,5 |
5,0 |
|
2. |
Поруи асп |
6,0 |
3,0 |
5,0 |
|
3. |
Поруи хушки гӯсфанд |
16,0 |
5,0 |
11,0 |
|
4. |
Поруи хушки кирмак |
50,0 |
10,0 |
6,0 |
|
5. |
Саргини хушки паранда |
34,0 |
16,0 |
8,0 |
|
6. |
Зочаи хушки кирмак |
100,0 |
20,0 |
10,0 – 15,0 |
|
7. |
Фекалии (ахлоти) ҳоҷатхона |
4,5 |
1,5 |
1,5 |
|
8. |
Фекалии (ахлоти) компостшуда |
6,0 |
2,0 |
2,0 |
|
9. |
Торфи марғзорӣ |
13-20 |
2,0 – 4,0 |
2,0 |
|
10. |
Хокистари ғӯзапоя |
0,0 |
30,0 – 32,0 |
78,0 – 100,0 |
|
11. |
Хоки пӯсида (кӯҳна) |
1,0 – 2,0 |
0,5 – 2,0 |
10,0 – 20,0 |
Серҳосилии гандум дар заминҳои лалмӣ пеш аз ҳама ба миқдори боришот вобаста аст. Захиран намнокии заминҳои лалмӣ имконият медиҳад, ки ҳосили фаровон гирифта шавад. Аммо барои гирифтани ҳосили аслии имконпазир аз рӯи захираи намӣ, ҳосилхезии пасти хокҳо сади роҳ мешаванд. Чунки дар ин минтақаҳо бештар намуди хокҳои хокистарранг ва дорчинранги карбонатӣ паҳн шудаанд. Ин хокҳо аз рӯи миқдори моддаҳои ғизоӣ, махсусаи аз рӯи миқдори фосфори ҳаракаткуианда ба хокҳои камтаъмин мансубанд.
Аз рӯи миқдори фосфор дар бисёр мавридҳо хокҳо ба гуруҳи якӯм (0-15 мг/кг Р205) ва дуюм (15-30 мг/кг) дохил мешаванд. Микдори нитроген низ дар онҳо кам (0,06-0,10%) буда, аз калий нисбатан таминанд. Чадвали 4. Коэффисиенти маводи ғизоии дастрас дар нурӣ (Кс)
№ р/т |
Номи нурӣ | Формулаи кимиёвӣ | Фоизи маводи дастрас | Коэффитсиенти гузориш |
| 1 |
Селитраи аммоний |
NH4NO |
34,0 | 3,0 |
| 2 |
Сулфати аммоний |
(NH4)2SO4 |
20,5 – 21,5 | 5,0 |
| 3 |
Мочевина: карбамид |
CO(NH2)2 |
46,0 | 2:2 |
| 4 |
Суперфосфати муҳаррарӣ |
Ca(H2PO4)2 |
14,0 – 19,5 | 7,0 |
| 5 |
Суперфосфати дучанда |
Ca(H2PO4)2 |
45,0 – 48,0 | 2,2 |
| 6 |
Орди фосфордор |
Ca3(PO4)2 |
19,0 – 30,0 | 5,0 |
| 7 |
Фосфори табии |
|
8,0-13,0 | 10,0 |
| 8 |
Уфакс – 2 |
|
17,0 Р2О5 5,0 N |
5,9 |
| 9 |
Карбонати калий: поташ |
K2CO3 |
55,0 – 56,0 | 1,8 |
| 10 |
Хлориди калий |
KCI |
60,0 – 62,6 | 1,7 |
| 11 |
Сулфати калий |
K2SO4 |
45,0 – 48,0 | 2,2 |
| 12 |
Консентрати калию магний |
K2SO4 : MgSO4 |
17,5 – 19,0 K2o 8,0 – 9,0 MgO |
5,7 |
Дар заминҳои лалмӣ барои гандум меъёри нуриандозӣ ба шароити намнокии минтақаҳои парвариш, ҳусусиятҳои зироати пешкишта, ки дараҷаи ҳосилхезии хок ва намнокӣ ба он дахлдор аст, хусусияти навъҳо ва инчунин миқдори ҳосили тарҳрезишуда вобаста аст.
Ба минтақаҳои нисбат ба намӣ мусоид гуруҳи ноҳияҳои Рашт, як қисм заминҳои ғаллакории минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои водии Ҳисор дохил мешаванд. Дар ин минтакаҳои гандумпарварӣ меъёрҳои балантари нуриҳоро самаранок истифода бурда, ба таври илова аз ҳар гектар 5-8 сентнер дон гирифтан мумкин аст.
Аз ин рӯ муфид аст, ки дар ин гуна шароитҳо меъёри солонаи нуриҳо барои гандум ва махсусан навъҳои пурмаҳсул ба 80 кг нитроген, 50-60 кг фосфор бо ҳисоби моддаҳои таъсиркунанда дар ҳар як гектар баробар бошад. Азбаски Ноҳияҳои минтақаи Вахш ва вилояти Суғд аз боришот нимтаъминанд бояд меъёри нуриҳои нитрогени то 30-40% кам карда шаванд.
Меъёри нуриҳо аз зироатҳои пешинакишт низ вобастагӣ дорад. Дар ҳолати коштани гандум пас аз чунин пешинакиштҳо: заминҳои дамдодашудаи аз алафҳои бегона тоза, заминҳои дамдодашудаӣ банд, зироатҳое, ки байни қаторашон нарм карда мешаваду хокашон миқдори намиро нигоҳ медорад, имконият медиҳад, ки меъёрҳои зиёди нуриҳо истифода шаванд. Пас аз юнучқа лӯбиёгиҳои донӣ, омехтаҳои лубиёгию-ғаллагиҳо меъёри нуриҳои нитрогенӣ аз рӯи ғуншавии нитрогени биологӣ муайян мегарданд.
Пас аз юнучқа меъёри солонаи нуриҳои нитрогенӣ дар соли якӯм 50% ва дар соли дуюм 25% кам карда мешавад.
Дар ҷумҳурӣ қисмати зиёди масоҳати киштҳои гандум дар он заминҳои лалмие гузаронида шудаанд, ки камубеш ба бодлесӣ гирифтор буда, камҳосиланд ва ин ба ҳосилнокин таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, дар хокҳое, ки қабати ҳосилхезашон ба дараҷаи миёна ё зиёд обшуста шудаанд, меъёри нуриҳо-25-30% зиёд карда мешавад.
Дар шароити заминҳои лалмии чумҳурӣ аввали баҳор гузароиидани ғизодиҳии гандум дар ибтидои нашъунамоёбии растаниҳо яке аз чорабиниҳои асосист. Барои иҷрои ин амалиёт аз мошинаҳои нурипошӣ истифода мебаранд. Пошидани нуриҳо ба боришот мутобиқ карда мешавад.
Солҳои охир ҷараёни нави истифодаи нуриҳо тавсия мегардад. Аз рӯи ин назария бояд меъёри нуриҳо аз рӯи ҳосили тарҳрезишуда дар асоси маълумотҳои ташхиси таркиби кимёвии хок, дараҷаи (коэфисенти) истифодабарии моддаҳои ғизоӣ аз нуриҳои минералӣ ва дигар нишондодҳо (ҷадвали № 5) муайян карда шавад.
Дар заминҳои обии хокистарранг 20%-и меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондааш дар вақти ду ғизодиҳии дигар: давраи панҷазанӣ 30% ва найчабарорӣ 50% пошида мешавад.
Ҷадвали 5. Меъёрҳои ҳисобӣ-намунавии истифодаи нуриҳо
барои гандуми тирамоҳӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ
| Минтақа | Ҳосили имконпазири дон аз 1 га, с |
Илова аз 1 га, с |
Меъёри ҳисобии нуриҳо барои ҳосили иловагӣ |
||
| N | Р2О5 | К2О | |||
|
Заминҳои лалмии аз боришот нотаъмин |
10 | 5 | 32,5 | 28,5 | - |
|
Нимтаъмин |
20 | 10 | 65 | 57,5 | - |
|
Таъмин |
30 | 15 | 97,5 | 86,2 | - |
|
Аз меъёр зиёд таъмин |
40 | 20 | 130 | 115 | - |
Нуриҳои фосфорӣ барои гандум дар асоси нишондоди харитаи (картограмма) хок истифода мешаванд. Дар хокҳое, ки миқдори фосфори ҳаракаткунандаашон паст 0-15 мг/кг) аст 90-120 кг, 5-30 мг/кг-0-90 кг ва 35- 40 мг/кг будани фосфор дар ҳар як гектар 30-60 кг/га, моддаи таъсиркунанда пошида мешавад. Аз сабаби зиёд будани калий дар хокҳои хокистарранг нуриҳои калийдор кам истифода бурда мешаванд.
Дар заминҳои обӣ барои ҳосилнокии 50-60 с/га дон меъёри солонаи нуриҳо бояд чунин бошад: нитроген-160-180 кг/га, фосфор-80-90 кг/га ва калий 50-60 кг/га (моддаи таъсиркунанда).
Дар беҳтар шудани ҳусусиятҳои физикии хок, баланд шудани ҳосилнокӣ ва сифати дон нуриҳои маҳаллӣ аҳамияти махсус доранд. Поруро аз рӯи имконият дар заминҳои лалмӣ 10-15 т/га дар замиинҳои обӣ 20-30 т/га пошидан даркор аст. Одатан ин нуриҳоро пеш аз коркарди асосӣ мепошанд.
Яке аз вазифаҳои асосию муҳими ходимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар он аст, ки онҳо бояд усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулот ва poҳҳoи кам кардани истифодаи нуриҳоро коркарда бароянд. Зеро кам кардани истифодаи нуриҳо на фақат аз чиҳати иқтисодӣ муфидаст, балки имконият медиҳад, ки маҳсулоти тозаи экологӣ рӯёнида шавад. Дар шароити ҳозира усулҳое истифода мешаванд, ки ба гирифтани маҳсулоти тозаи экологӣ имконият медиҳанд. Масалан, дар Белгия мувофиқи усули пешниҳодкардаи профессор Лалу ҳангоми истифодаи 140 кг/га (мт) нитроген, 90 с/га дони гандуми тирамоҳӣ гирифта мешавад. Ин меъёри нитроген дар мӯҳлатҳои зерин пошида мешавад: 40 кг/га дар вақти пайдо шудани майса, 80 кг/га баъди панҷазанӣ ва боқимондааш ҳангоми баромадани сарбарги гандум.
Мӯҳлатҳои ғизодиҳии илман асоснок кардашуда дар амалия санҷида шудааст. Ғизодиҳӣ дар давраи саршавии панҷазанӣ фаъолияти фотосннтетикии растаниро пурзӯр мегардонад, пас аз панҷазанӣ найчабандӣ чун омили маҳсул-нокии аслии навъ ба инкишофи максималии узвҳои генеративӣ ҳосилдиҳанда мусоидат мекунад. Ғизодиҳӣ дар аввали давраи баромадани сарбарг давомнокии фаъолияти фаъоли фотосинтетикии растаниҳоро дароз карда, ба ширагирии хӯшаҳо таъсирӣ мусбат мерасонад, Бо ин мақсад дар Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико (ИМА) аз обмонии ғизонок истифода мебаранд. Аз ин рӯ дар шароити мо дар заминҳои обӣ ҳангоми баромадани сарбарг истифодаи ин гуна «шарбат» ба мақсад мувофиқ аст.
ТАЙЁР КАРДАНИ ТУХМӢ БА КИШТ. Мувофиқи талаботи усули шадид бояд тухмиҳои дараҷаи (класси) якӯм, репродуксиян 1-3, ки дорои тозагии 90%, қобилияти нешзании на кам аз 95%-а доштагӣ истифода бурда шаванд.
Тухмиҳо бо воситаи мошинаҳои тухмитозакунаки «Петкус», СМ-4, ОС-4А ва дигар мошинаҳо аз ғашу омехтаҳо тоза карда мешаванд.
Дар тайёр намудани тухмиҳо ба кишт, безарар кардани оиҳо аз ҳашароту ангезандагони касалиҳо (зангзанӣ, сиёҳаки гарда ва сахт) яке аз чорабиниҳои асосию масъул ба шумор мераванд. Барои безараркуни заҳрдоруҳои (препаратҳои) васлӣ ва силсилавӣ истифода бурда мешавад. Бо ин мақсад чунин заҳрдоруҳоро ба кор мебаранд: васлӣ: витовакс, 75% х. т.- 2,5-3 кг/т, силсилавӣ: агросид (фундазол) 50% х. т.- 3 кг/т, байтан 19,5% х. т.-3 кг/т. Тухмиҳо бо мошинаҳои тағмаи ПС-10, ПУ-3, ПСШ-5, «Мобитокс», КПС-10 безарар карда мешаванд.
Дастгоҳ барои заҳролудкунии тухмии тамғаи «ПНШ-3»
Зироатҳо |
Синф | Миқдори тухмӣ зироати асосӣ (тозагӣ), % | Сабзиш, % | Омехтаи тухмӣ дигар растаниҳо, дона дар 1 кг | Намнокӣ, % | |
| ҳамагӣ | аз он ҷумла алафҳои бегона | |||||
|
Гандуми мулоим |
I | 99 | 95 | 10 | 5 | 14 |
| II | 98 | 92 | 40 | 20 | 14 | |
| III | 97 | 90 | 200 | 70 | 14 | |
|
Гандуми сахт |
I | 99 | 90 | 10 | 5 | 14 |
| II | 98 | 87 | 40 | 20 | 14 | |
| III | 97 | 85 | 200 | 70 | 14 | |
|
Ҷав |
I | 99 | 95 | 40 | 5 | 14 |
| II | 98 | 92 | 80 | 20 | 14 | |
| III | 97 | 90 | 300 | 70 | 14 | |
|
Сулӣ |
I | 99 | 95 | 10 | 5 | 14 |
| II | 98 | 92 | 80 | 20 | 14 | |
| III | 97 | 90 | 300 | 70 | 14 | |
|
Арзан |
I | 98 | 95 | 16 | 10 | 14 |
| II | 97 | 85 | 200 | 150 | 14 | |
|
Ҷуворимакка |
I | 99 | 96 | Зиёда аз 5 мумкин не | 14 | |
| II | 98 | 90 | Зиёда аз 5 мумкин не | 14 | ||
|
Юнучқа |
I | 98 | 80 | 150 | 100 | 13 |
| II | 96 | 70 | 250 | 200 | 13 | |
|
Зағер |
I | 98 | 95 | 200 | 150 | 13 |
| II | 97 | 90 | 550 | 500 | 13 | |
| III | 96 | 85 | 1500 | 1500 | 13 | |
МӮҲЛАТ, МЕЪЁР, УСУЛҲОИ КИШТ ВА ЧУҚУРИИ КИШТИ ТУХМИҲО. Дар маҷмӯи чорабнниҳои бо ҳам алоқаманд, ки барои ба даст, даровардани ҳосили баланду устувори ғалладонагиҳо равона карда шудаанд. Ин омилҳо ба растаниҳо самараи ибтидоии инкишофӣ мебахшанд. Агар ягон қисми усули кишт аз мадди назар дур шуда бошад, минбаъд онро ислоҳ кардан мумкин нест. Ба чунин омилҳо мӯҳлату усули кишт ва меъёри кишти тухми мансубанд. Кишт бояд дар мӯҳлатҳои мутадил, барои ҳар як минтақаҳои хокию-иқлимӣ, бо риояи ҳатмии меъёрҳои тухмӣ ва чуқурии кишти онҳо гузаронида шавад.
Барои хуб инкишоф ёфтани силсилаи решагии гандум ва дар онҳо захира гаштани моддаҳои ғизоӣ ҳангоми зимистон то саршавии сардиҳои тирамоҳ 40-50 рӯз лозим аст. Ҳангоми дер коштани гандум он суст инкишоф ёфта, ба обутобёбӣ имконият намеёбад. Ин боиси он мегардад, ки киштзорҳо сирак, миқдори пояҳои маҳсулнок ва вазни дон кам шавад.
Барои шароити вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор муҳлати аниқи кишти тирамоҳӣ аз 20 сентябр то 10 октябр ҳисоб мешавад. Дар водии Вахш кишти тирамоҳиро на дертар аз нимаи аввали ноябр бояд ба итмом расонд.
Меъёри кишти тухмӣ аз рӯи шароити хокӣ-иқлимӣ, хусусияти навъҳо ва захираи намӣ муайян карда мешавад. Дар заминҳои обӣ нисбат ба лалмӣ 1 -1,5 млн. дон зиёд тухмӣ мекоранд. Меъёри тухмӣ аз рӯи вазн бо назардошти вазни (массаи) 1000 дона ва барои киштшоям будани сифати хоки ҳочагиҳо муайян карда мешавад. Меъёри муайян шуда бояд зичии муътадили пояҳои маҳсулнокро муайян кунад. Дар заминҳои оби – 180-220 кг/га дар заминҳои лалмӣ – 160-180 кг/га.
Меъёри тухмӣ барои навъи «Сете-Серрос-66» ба ҳисоби миёна 5- 6 млн. ва барои дигар навъҳо аз 3 то 5 млн. дони нешзанандаро ташкил медиҳад
Дар шароити заминҳои лалмӣ 300-400 ва дар заминҳри обӣ 500-600 дона пояи маҳсулнок дар ҳар як 1 м2 ба талабот ҷавобгӯ аст.
Ҳангоми кам кардани меъёри тухмӣ киштзорҳо сирак гашта, дар сурати зиёд коштани онҳо панҷазании маҳсулнок суст ва вазни донаҳою донадоршавии хӯшаҳо кам шуда, сифаташон паст мегардад.
Дар сурати риояи қатъии усулҳои таӣёркунии тухмиҳо ба кишт ва иҷроиши усули истифодабарии меъёри 4-5 млн. дони нешзананда дар ҳар як гектар имкокият медиҳад, ки ҳосили баланди дони гандум гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки дар киштзорҳо ҳангоми пайдоиш ва инкишофёбии узвҳои генеративӣ шароити мутадил муҳайё карда шавад. Дар ин хусус таҷрибаҳои мамлакатҳои хориҷӣ гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, дар Бритониёи Кабир меъёри тухмӣ аз ҳисоби 200 растанӣ дар 1 м2 (100-110 кг/га) муқаррар карда мешавад ва дар баробари ин кушиш мекунанд, ки аз ҳисоби панҷарони дар 1 м2 700 дона пояи маҳсулнок пайдо шавад.
Меъёрҳои тавсияшудаи тухми гандум барои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ҷадвали №7 оварда шудаанд.
Ҷадвали 7. Меъёри тухми гандум, млн. дона/га дар вақтн 100% киштбоб будани тухмӣ
| Вилоят ё минтақа | Навъҳои баландпоя | Навъҳои кӯтҳпоя | |||
| Лалмии аз боришот таъмин | Лалмии аз боришот нимтаъмин | Заминҳои обӣ | Лалмии аз боришот таъмин | Заминҳои обӣ | |
| Суғд | 3,5 | 3,0 | 4,5 | 5,5 | 6,0 |
| Рашт | 4,0 | - | 4,5 | 5,5 | 6,0 |
| Ҳисор | 4,0 | - | 4,5 | 6,0 | 7,0 |
| Кӯлоб | 4,0 | - | 4,5 | 6,0 | 7,0 |
| Қӯрғонтеппа | 3,0 | 2,5 | 4,5 | 5,0 | 7,0 |
| Помири ғарбӣ | - | - | 5,0 | - | 6,0 |
Гандум боусулҳои зерин кошта мешавад: яклухти қаторӣ (қатории муқаррарӣ), камбарҷӯяк, бақадду бар, Асосан дар амалия усули яклухти қаторӣ бештар истифода бурда мешавад. Усули камбарҷӯяк ва ба қадду бар
имконият медиҳ ад, ки растаниҳ о дар қитъа баробар тақсим шаванд ва майдони ғизоии муътадил дошта бошанд.
Дар парвариши гандум дуруст ва дар чуқурии муътадил коштани тухмӣ аҳ амияти му?им дорад. Зеро пурра ва дар як вақт пайдошавии майсаҳ о, ҷойгиршавии буғуми панҷазанӣ дар хок ва инчунии дараҷаи панҷзанӣ ба ҳ амин чорабинии агротехникӣ вобаста аст. Дар ҳ олати аз меъёр чуқур таги хок кардани тухмӣ панҷазании маҳ сулнок (пояҳ ои маҳ сулнок) кам мешавад. Вобаста ба шароитҳ ои хокию иқлимӣ тухми гандум бояд дар чуқурии 4-6 см. зери хок карда шавад. Фарқияти чуқурии таги хок кардани тухмиҳ о аз меъёри муайяншуда набояд аз 1 см зиёд шавад.
Барои кишти гандум аз ғаллаплшакҳ ои СЗ-3,0, СЗУ-3,6, СЗТ-3,6, СЗП-3,6 ва ғaйpа, истифода мебаранд.Дар киштҳ ои пуштагӣ тухмипошакҳ ои махсуси истеҳ соли Туркия истифода бурда мешавад.
НИГОҲУБИНИ КИШТЗОР. Тавсия мешавад, ки барои киштҳ ои тирамоҳ ӣ дар фасли зимистон назорати биологӣ ҷорӣ карда, дар ҳ олати зарури бояд чорабиниҳ ои муносиби агротехникӣ гузаронид. Нигоҳ убини гандумзорҳ о аз мубориза бар зидди алафҳ ои бегона, ҳ ашаротҳ о, касалиҳ о, ғизодиҳ и,
истифодаи моддаҳ ои танзими сабзиш ва дар заминҳ ои обӣ -обмонии хуш сифати саривақтӣ иборат аст.
Аввали баҳ ор ҳ ангоми имконият додани ҳ олати физикии хок баробари ғизодиҳ ии киштзорҳ о сихмола карда мешаванд (БЗТС-1,0). Сихмола аэратсияи хокро хуб карда, киштзорҳ оро аз хасу хошок ва алафҳ ои бегонаи тоза мекунад.
Зидди алафҳ ои бегона аз моддаҳ ои кимёвӣ -гербисидҳ о истифода мебаранд. Бар зидди алафҳ ои бегонаи яксолаи ва бисёрсола дар давраи панҷазанӣ гербесиди?ои Симазин 80% бо меъёри 0,25-0,30кг/га, Дикотексом 40% бо меъёри 2,5-4,0л/га Диаленом 40% бо меъёри 1,9-2,5л/га истифода бурда мешавад. Барои иҷрои ин кор бештар аз олотҳ ои трактории ОН-400, ОН-10, ОПШ-15 истифода мебаранд. Маҳ лули корӣ бо ёрии ОТК-5 ва АПЖ-12 тайёр карда мешавад. Дар мубориза ба муқобили ҳ ашароту касалиҳ о аз усулҳ ои якҷояи агротехникӣ , кимиёвӣ ва биологӣ истифода мебаранд. Ба муқобили ширинчаҳ о, кирми ғӯза, канаҳ о заҳ рдоруи Амбуш ва Нурелл 55% аз ҳ исоби 0,5 л/га, ва ?айро?о дар давраи панҷазанӣ -найчабандӣ . Ба муқобили зангзанӣ , гарда ва дигар касалиҳ о аз фунгисид?ои Байлетон, 25% х. т.-0,5кг/га, Тилтом 25% 0,5л/га, ва ?айро?о дар давраи панҷазанӣ -найчабандӣ истифода бурда мешавад. Дар вақти бо тракторҳ о пошидани заҳ рдоруҳ о 300-400 л/га сарф мешавад.
Моддаҳ ои кимёвӣ бо назардошти ҳ олати фитосанитарии киштзорҳ о ҳ атман паи ҳ ам истифода бурда мешаванд. Минбаъд дар муборизаи зидди ҳ ашаротҳ о ва касалиҳ о аз усули биологӣ истифода бурдан муфид аст. Зеро ин усул нмконият медиҳ ад, ки дастовардҳ ои биотехнологӣ ва заҳ рдоруҳ ои биологӣ васеъ истифода бурда шаванд. Масалан, дар Итолиё барои нест кардани касалии пусиши решаи ғаллагиҳ о биопрепарати трикотилро баровардаанд, ки барон ба даст овардани маҳ сулоти тозаи биологӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Барои хам зада нахобидани гандум аз моддаи ба танзимдароварандаи сабзиш-ТУР (хлорхолинхлорид) аз ҳ исоби 4-6 л/га. (м. т.), ки дар 400-500 л. об маҳ лул карда шудааст, истифода мебаранд. Коркард дар давраи саршавии найчабандӣ гузаронида мешавад. Ин модда пояро кӯтоҳ карда, растаниро аз ба хобнорави устувор мекунад.
Гандум ба обёрӣ эҳ тиёҷи калон дорад. Дар ҳ олатҳ ои хушк будани хок 6-8 рӯз пеш аз кишти гандум обмонии захиравӣ бо меъёри 1000-1200 м3/га гузаронида мешавад. Дар давраи инкишофи гандум мувофи?и шароити минта?а 3-5 маротиба, бо меъёри 650-700 м3/га об мемонанд. Дар қитъаҳ ои барои тухмӣ ҷудо карда шуда хишоваи навъӣ мегузаронанд.
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ. Дар мӯҳлатҳои муътадил бо техникаи нағзтанзимшуда ғунучин кардани ҳ осил яке аз шартҳ ои асосии гирифтани ҳ осили баланду ҳ ушсифат буда, боиси кам талафшавии дон мегардад. Барои ба даст даровардани миқдори аниқи дон пеш аз ғундоштани ҳ осил сифати онро дар қитъаҳ о муайян кардан зарур аст. Дер бардоштани ҳ осил натанҳ о сабаби камшавӣ , балки паст гаштани сифати молӣ (шаффофӣ ва ранг) ва нархи он мегардад. Дар ҳ олати 10-15 рӯз дер ғундоштани ҳ осил талафоти дон то 12-15%-ро ташкил дода, миқдори донаҳ ои захмдоршуда меафзояд, ки онҳ оро минбаъд чун тухмӣ истифода бурдан имконнопазир мегардад.
ҳосили гандумро дар давраи пyppa пухта расидани дон ҷамоварӣ мекунанд. Ҳосил ба воситаи комбайнҳ ои ғалладарави СК-5М-1, «Нива», СКД-5, «Сибиряк», СК-6 ва ғайра. ғундошта мешавад. Пас аз ғундоштани ҳосил дарҳол пояҳои гандумро исканҷа (пресс) карда, дар ҷойҳои махсус захира мекунанд. Заминҳои оби барои кишти зироатҳои такрорӣ (ангорӣ ) тайёр карда мешаванд.
ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Қосимов Қ. ва дигарон. Растанипарварӣ . Душанбе, ДАТ, соли 2000. 228 c.
| < Предыдущая | Следующая > |
|---|
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
