Вход в сообщество

Вы здесь:   Другие полезные материалы > Зироатҳои нуриҳои сабз

Зироатҳои нуриҳои сабз

Зироатҳои нурии сабз зироатҳое мебошанд, ки  ба хотири баланд бардоштани ҳосилхезии хок истифода бурда мешаванд.
Ин намуди нурии органикӣ аз реша ва баргу пояи растаниҳои сидератсионӣ (хардал (горчица), рапс, перко, себарга, шабдар, берсим ва дигар лӯбиёгиҳо) иборат мебошад. Зироатҳои нурии сабзро дар охири моҳи октябр (20-25 октябр) ва то охири даҳаи ноябр дар байни қатори пахта, заминҳои холишуда баъди ҷамъоварии ҳосили гандум, ҷуворимакка ва сабзавот коштан мумкин аст, ки то давраи саршавии хунукии якуми тирамоҳ ниҳолҳо 3-4 барги ҳақиқӣ бароранд.
Дар давраи наздик омадани муҳлати кишти зироатҳои асосӣ, яъне 10-15 рўз пеш аз саршавии кишт, баргу пояи сидератҳоро бо монанди силос ё ин ки сенаж тайёркунак дарав ва майда мекунанд, ба рўи замин мепошанд ва заминро шудгор ва ё ду маротиба бо диска (аз қаду бар) кор мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки баргу пояи сабз хушкшуда каме пӯсад. Баъди ин кишти зироатҳои асосиро мегузаронанд.

Зироатҳои нурии сабзро дар ду сол як маротиба кишт намудан самараи хуб медиҳад.
АФЗАЛИЯТҲО:

•    Онҳо ба замин миқдори зиёди нитрогенро таъмин менамоянд.
•    Онҳо ба замин танҳо нуриҳои органики илова намуда, бо ҳамин тариқ чуқурии қабати болои хокро беҳтар мегардонад, иқтидори нигоҳдории об, таркиби нитроген, ковоки ва қабати ғафсии хокро таъмин мекунанд.
•    Ҳангоми истифодаи нуриҳои сабз душвории нақлиёт ба миён намеояд.
•    Зироатҳои нурии сабз сармояи зиёдро талаб наменамояд, ғайри хариди ибтидоии тухми.
•    Онҳо саҳми маводҳои кимиёвиро талаб наменамоянд, вобастагиро аз сарчашмаҳои берунии нуриҳо ва гизоҳҳо кам менамояд.
•    Зироатҳои нурии сабздор заминро муддати 11 моҳ дар сол соя афкана, барои нигоҳ доштани намнокии хок ва маводҳои органикӣ  шароити мусоид фароҳам меорад.
•    Сарпуше, ки онҳо ба хок таъмин мекунанд, онро аз эрозияи об ва шамол эмин нигоҳ медорад.
•    Баъзе аз зироатҳои нурии сабз, хуроки одамонро низ таъмин менамоянд, илова ба лубиёгиҳои хӯрока.
•    Онҳо бештар мардумро водор месозанд, ки аз таҷрибаҳои зараровари анъанавӣ ба монанди сӯзондани  пасмондаи зироатҳо, ё сар додани чорво, дар давраи хушксоли барои хурда тамом  кардани чизҳое, ки ба чашм аёнанд, даст кашанд.
Дар шароити Тоҷикистон бо чунин пешниҳодҳо метавон таҷриба гузаронид:
Кишти байни қаторҳои макка, чойҷуворӣ ва сабзавотӣ 
Кишти омехта бо ғаллагиҳо
Зеркишт (подпокровный посев) бо ғаллагиҳо ва сабзавот
Зироати фосилави (Промежуточный), мобайни ду зироати асосӣ
Лоиҳаи TACIS SENAS иқдоми хуби пешгирифтааш-ро давом дода муддати 1 сол аст,  ки бо деҳконони фаъол оиди хосиятҳои нурии сабз таҷриба гузаронида истодааст. Баъди омузише, ки дар Балҷувон эксперти хурд Ноеми Сабилон гузаронид, бо  5 деҳкон майдончаҳои таҷрибавӣ тартиб дода шуд.
Тухмиҳои дастрас барои майдончаҳои тачрибавӣ инҳо буданд.

  • Аз тухмиҳои маҳаллӣ харидашуда: ҷав, чавдор, себарга (3 навъ),  лубиёи маҳаллӣ, нахуди маҳаллӣ
  • 3 намуди тухмӣ аз ШМА аз тарафи мушовир оварда шуд: нахӯди Австролӣ, алафи омехта бо юнучка, тритикал
  • Мош аз Афгонистон.


Айнан ҳамин хел майдончаҳои таҷрибави дар дигар ноҳияҳо низ ташкил карда шуд. Дар нохияхои Кӯлоб ва  Муъминобод 5 тоги. Дар нохияхои  Б.Ғафуров, Шуробод, Восеъ ва Фархор яктоги. Чамъ соли гузашта аз тарафи барнома 19 майдончаи таҷрибавии нуриҳои сабз кишт карда шуда буд, ки алоҳида дар варақаҳо пешкаш мегардад.

Дар шароити Тоҷикистон растаниҳои седератсионӣ дар давраи тирамоҳ – зимистон – аввали баҳор хуб сабзида то саршавии муҳлати кишти зироатҳои асосӣ то 250-300 с/га баргу пояи сабз медиҳанд.

Натичахои ба дастомада
Дар дехаи Махмадали Гаффор н Кулоб Фермер Саидов дар майдони 0,01 га горохи Австралиягиро  кишт намуд. Дар аввали мохи апрел горохро даравида ба замин партофта заминро шудгор карда дар нимаи дуюми мохи апрели кучати помидорро гузаронидем. Фермер аз ин замин бе истифодаи гизои иловаги 530 кг хосили помидор ба даст овард. Аз китъаи дигар, ки он чо нурии сабз истифода нашуда буд, фермер 425 кг хосил бардошт.
Нохияи Муъминобод, дехаи Шулдук: Фермер Назаров Х бо максади серхосилкардани замин ва нигохдории хок аз шусташави дар 0,33 га рож, 0,3 га чав, 0,2 га нахуд, 0,2 8 га клевер кишт карда шуда буд. Баъди чамъовари рож (550кг) кишти чуворимака, баъди чамъоварии чав (400 кг) картошка ва клеверро дар майдони 0,2 га хамчун нурии сабз истифода карда, баъди он кишти бодирингро гузаронид. То хол чамъоварии хосили бодиринг давом дорад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.