Ҳамроқул МАҲМАДҚУЛОВ – Мудири кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент;
Ҷамшед СОЛИҲОВ – Омўзгори калони кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур;
Сайдамин МАҲМАДАМИНОВ – Ходими калони илмии шўъбаи мевапарварии Институти боғдпарварӣ ва сабзавоткории Академия илмҳои кишоварзии Т;
Хурсандӣ САФАРАЛИЕВ – Ходими илмии шўъбаи мевапарварии Институти боғпаварӣ ва сабзавоткории Академия илмҳои кишоварзии Т.
Дар китобчаи мазкур ба деҳқонону донишҷуён, ба ниҳолпарварон ва ба дўстдорони боғу дарахтон оиди роҳҳои тайёр намудани замин, тухмӣ, афзоиш додани дарахтони мевадиҳанда ва бунёди боғҳои модарӣ маълумотҳои муфид пешкаш мегарданд. Махсусан, маълумотҳои овардашуда барои бунёди боғҳои нав ва ҳифз намудани навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда ба хонандагону сокинони мамлакат дар фаъолияти онҳо дар ин самт кўмаки калон хоҳад расонид.
Муҳаррир: Қурбоналӣ ПАРТОЕВ – номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмӣ
Тайёр намудан ва чопи китобча бо дастгирии молявии Фонди Крситенсен амалӣ гаштааст, бинобар ин муаллифон нисбати ин ташкилот миннатдории хешро баён менамоянд.
Мундариҷа
САРСУХАН. 4
Сафаралиев Х.Ф., Маҳмадаминов С. 5
1. РОҲҲОИ ЗИЁД НАМУДАНИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА. 5
Тайёр намудани тухмии дарахтони мевадиҳанда. 6
Нигоҳубини киштзори тухмакҳо. 7
Пайванд кардани дарахтон ва афзалиятҳои он. 7
Мўҳлатҳои гузаронидани пайванд. 8
Сабзиши пайванддуст бо тагпайванд (усули исканапайванд) 8
Афзоиши дарахтони мевадиҳанда бо усули қаламчакунонӣ 12
Нигоҳубини ниҳолҳо. 13
Бунёди боғҳои модарӣ 13
Ҳамроқул Маҳмадқулов, Ҷамшед Солиҳов. 14
2. ТОК ВА РОҲҲОИ АФЗОИШИ ОН. 14
Афзоиш бо воситаи тухм. 14
Зиёдкунӣ бо роҳи нашвӣ. 14
Афзоиши ток ба қаламчаҳо. 15
Афзоиш бо роҳи пайвандкунӣ. 15
Афзоиши нашвӣ бо роҳи фарғонкунӣ. 16
Афзоиш аз ҳуҷайраҳои тақсимшавандаи нуқтаи сабзиш. 17
Тайёр намудани қаламча. 17
Муайян намудани сифати қаламча. 19
Тайёр намудани қаламчаҳо пеш аз шинондан. 19
Коркарди қалмчаҳо бо ангезандаҳои сабзиш. 20
Тайёр намудани замин, шинондани қаламча ва парвариши ниҳолҳо. 21
Кандани ниҳолҳо, нигоҳдорӣ ва фурўши онҳо. 22
Боғҳои модарии ток ва хусусиятҳои парвариши буттаҳо. 23
АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА: 24
САРСУХАН
Боғдорӣ дар Тоҷикистон таърихи тўлониро дорост ва дар ин ҷодда халқи тоҷик аз қадимулайём таҷрибаи бой ба даст овардааст. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди Тоҷикистон навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаро вохўрдан мумкин аст. Махсусан, водиҳои кўҳӣ ва наздикўҳии мамлакат аз навъҳои маҳалии тагҷоӣ хело бой буда, дар ин ҷойҳо садҳо навъу намудҳои дарахтони мевадиҳандаро пайдо кардан мумкин аст. Вале, мутаассифона ин гуногунии маҳалии дарахтон дар солҳои охир аз сабаби беаҳамиятии аҳолӣ ва аз сабаби дигар мушкилиҳои рўзгор одамон дарахтони навъҳои нодири маҳалиро бурида, ба генофонди маҳалӣ хисороти калонро пеш меоранд. Бинобар ин навъҳои маҳалӣ ва суннатие (бобогие), ки онҳо аз аҷдодони гузашта ба мо мерос мондаанд, ҳамагон онҳоро дар оянда бояд ҳифз намуда, афзоиш ва зиёд гардонанд. Бояд қайд намуд, ки аксари навъҳои маҳалии дарахтону зироатҳои кишоварзӣ ба касалиҳо ва ба хушкӣ тобовар буда, сифати баланди таъму ғизогӣ дошта, хусусияти махсуси хосаи агроэколгияи ин ё он маҳалро соҳибанд. Аз тарафи дигар мардуми маҳал низ дар муддати тулонӣ ба меваю маводи ин навъҳои маҳалӣ одат кардааст ва онҳо ғизои аввалини давраи дурру дарози мардуми маҳал ба шумор мерафтанд. Вале, солҳои охир аз сабаби кам гаштани ғамхорӣ нисбати ин навъу намудҳои гуногуни маҳалӣ, аллакай як қисми онҳо талаф ёфтаанд. Аз ин лиҳоз нигоҳ доштани навъҳои нодири маҳалӣ дар оянда метавонад, дар таъмини бехатарии озўқаворӣ дар мамлакат саҳми арзанда дошта бошад.
Ба ҳамин тариқ дар оянда тақвият бахшидани донишҳои мардумӣ ва ҳифз намудани навъҳои маҳалӣ дар соҳаи кишоварзӣ метавонад ҳамчун яке аз омилҳои муҳими мутобиқшавии мардуми маҳал дар рафъи таъсири манфии омилҳои глобалӣ, аз қабили камбизоатӣ, нарасидани маводи ғӣзоӣ ва тағирёбии боду ҳаво кўмаки хешро расонад.
![]()
Бинобар ин дар китобчаи таҳиягашта баъзе аз маълумотҳои заруриро оиди роҳҳои афзоиш додани дарахтони мевадиҳанда, ҳифз намудани навъҳои маҳалӣ ва донишҳои мардумиву суннатиро дар бахши яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат – боғдорӣ ба деҳқонони деҳот, ба донишҷуён ва хонандагони мўҳтарам пешкаш мегарданд, ки аз истифодабрии онҳо дар амалиётҳои хеш метавон ба рушди минбаъдаи боғдорӣ дар мамлакат саҳми хешро гузошт. Аз тарафи дигар васеъ намудани майдонҳои минбаъдаи боғу токзорҳо метавонад ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист, кам гаштани гази карбон дар ҳаво ва некуаҳволии мардум таъсири мусбат расонад.
Сафаралиев Х.Ф., Маҳмадаминов С.
1. РОҲҲОИ ЗИЁД НАМУДАНИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА
Мевапарварӣ дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи муҳими соҳаи кишоварзӣ башумор рафта, таърихи хело қадима дорад. Гуногунии иқлиму боду ҳаво ва хоки Тоҷикистон ба гуногуншаклии дарахтони мевадиҳанда мусоидат намудааст, ки навъҳои маҳалӣ дар ин ҷо хело намуду шаклҳои гуногунро дар бар мегирад. Навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда дар ҳазорсолаҳои гузашта то имрўз дар натиҷаи бо ҳам дурага шудан пайдоиши шаклу навъҳои гуногунро ба амал овардаанд. Халқи қадимаи тоҷик дар натиҷаи интихоби сунъӣ аз шаклу намудҳои гуногун барои истифодаи худ шаклҳои беҳтаринро ҷудо карда парвариш кардааст. Чунин таҷриба ва дониши қадимаи халқ буд, ки то замони мо намуду навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанада дар шароити табиӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ҳоло ҳам парвариш меёбанд. Навъҳои маҳалии дарахтон дорои хусусиятҳои нодири биологӣ ва хоҷагидорӣ буда, ба шароити иқлим ва хоки минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мутобиқ гаштаанд. Пеш аз ҳама дарахтон дарозумр буда, ба касалӣ, ҳашаротҳо ва гармою сармо тобоваранд. Нигоҳдории захираҳои генетикии дарахтони мевадиҳанда яке аз самтҳои муҳими рушди кишоварзии ҳар як давлат ба шумор меравад. Вале, чи тавре, ки маълум аст, дар натиҷаи кам аҳамият додан ба ҳифзи захираҳои генетикӣ ва бунёд накардани колексияҳои навъҳои нодири дарахтони мевадиҳанада дар солҳои охир боиси аз байн рафтани бисьёре аз навъу намунаҳои нодири дарахтони мевадиҳанда гаштааст. Дар ин самт бисьёр мушкилиҳои зиёде ба назар мерасад, ки таъсири худро ба нигоҳдории захираҳои генетикии дарахтони мевадиҳанда мерасонад.
Вобаста аз хусусияҳои биологӣ (тобоварӣ ба шароити табиӣ, хушкӣ, таркиби хок ва ҳарорати ҳаво) дараҷаи паҳншавии онҳо дар минтақаҳои конкретӣ мушоҳида мешаванд. Масалан, намуди нокҳои бухороӣ ва тоҷикӣ бештар дар шароити муътадили ноҳияҳои кўҳӣ меруянд. Намуди ноки Регел (хирсакмуруд) нисбатан ба хушкӣ тобовар буда, дар минтақаҳои гарм ва ҷанубии Тоҷикистон бештар мутобиқ шудаанд. Намуди ноки Кайон дар шароити минтақаи Вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳӣ павариш меёбад. Шаклҳо ва навъҳои маданикунонидаи навъҳои маҳаллӣ дар боғҳои кўҳна ва қитъаҳои назди ҳавлигӣ аз тарафи аҳолии ноҳияҳои кўҳӣ парвариш карда мешаванд. Самтҳои истифодабарии навъҳои маҳаллӣ гуногун аст. Шаклҳо навъу намудҳои онро барои истеҳсол кардани меваи тару тоза бо мақсади истеъмол ва фурўш парвариш мекунанд. Бисёре аз фермерон ба парвариши ин гуна навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда машғул мебошанд ва аз ин даромади хўб гирифта, шароити иқтисодии оилаашонро беҳтар менамоянд. Аз меваи навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда бошад, аҳолӣ метавонад меваи хушк ва маҳсулоти коркардӣ ба монанди компот, мураббо, шарбат, мармелад, павидло ва ғайра тайёр намоянд. Захираҳои генетикии навъҳои маҳаллӣ дарахтони мевадиҳанда дар баробари маводи ғизоӣ, инчунин онҳо маводи пурарзиш барои корҳои селеционӣ ва истеҳсолӣ, инчунин ҳамчун тагпайванд хизмат карда метавонанд. Чуби чунин дарахтонро ҳамчун масолеҳи сохтумонӣ ва дар тайёр намудани асбобҳои мусиқӣ низ истифода мебаранд. Аммо солҳои охир ин захираҳои бойи генетики дарахтон дар ҳолати косташавӣ ва нобудшавӣ қарор гирифтааст. Аз ин сабаб ба ҳукумати мамлакат, ба фермерон ва деҳқонон лозим аст, ки барои ҳифз кардан ва оқилона истифода бурдани ин захираи пурарзиш чорабиниҳои заруриро бинанд.
Роҳҳои ҳифз ва нигоҳ доштани ин захираҳои генетикӣ гуногун буда, барои ин корҳои зерринро амалӣ кардан лозим аст:
· Пеш аз ҳама дар шароити табиӣ ва бешазорҳо аз буридан ҳифз кардани дарахтон, пеши роҳи ҳайвоноти хоянда гирифта шаванд, ки ин кор бо роҳи иҳота кардани танаи дарахтон бо шоху навдаҳои хордор иҷро карда мешавад.
· Истифодабарии усулҳои пайвандкунии навъҳои гуногуни маҳалӣ.
· Бо усули сабзонидани тухмак ва бехҷастҳо зиёд кардани навъу намудҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда.
· Баҳри ҳифз ва зиёд кардани навъҳои нодир ва намудҳои табии маҳалӣ дар хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ ташкил кардани ниҳолхонаҳо ва истеҳсоли ниҳолҳои пайвандӣ ва зиёд намудани онҳо.
Тайёр намудани тухмии дарахтони мевадиҳанда
Барои гирифтан ва нигоҳ доштани тухми дарахтони мевадиҳанда, пеш аз ҳама бояд тухмак хуб пўхта расида бошад. Баъд аз дохили мева ҷудо карда гирифтани донак онро бояд нағз хушк намуд. Тухми дарахтони мевадиҳандаи тухмакдорро (себ, нок ва биҳӣ) дар халтачаҳои пахтагини ҳавогузар ҷой карда, то мавсими кишт (ноябр) дар ҷои хушк ва ҳаворас нигоҳ медоранд. Тухми дарахтони мевадиҳандаи донакдор бошад, ба ғайр аз зардолу дар ҳол бояд стратификация карда шаванд. Стратификация – ин тухмиро дар қуми намнок омехата карда, нигоҳ доштан мебошад (қум ва тухмиро бо ҳам омехта карда дар қуттиҳо дар ҷои салқин нигоҳ медоранд ва назорат мекунанд, ки ҳамеша қуми бо тухми омехтакардашуда намнок бошад). Барои омехта кардани тухмӣ бо қум барои донаки меваи олуча ва гелос – тухмӣ 1ҳисса ва қум 3 ҳисса гирифта (1:3) барои олу, зардолу, шафтолу ва дигар донакдорон бо мутаносибаии 1: 5 омехта сохта, нигоҳ медоранд. Стратификация ба он хотир гузаронида мешавад, ки тухмии аксари дарахтони мевадиҳанда баъди пухта расидан, бояд давраи «тайёршавии ба сабзиш» - ро аз сар гузаронанд ва ин давра барои дарахтони мевадиҳнада гуногун аст:
· себ, нок ва биҳӣ – 90 рўз, гелос ва шафтолу – 100-120, олў ва олуча – 150-170, чормағз ва бодом – 90 рўз аст.
Асосан тухми дарахтони мевадиҳандаро тирамоҳ (ноябрь - декабрь) баъд аз стратификация гузаронидан кишт менамоянд. Дар ин ҳолат давоми давраи стратификациониро тухмакҳо дар зери хок мегузаронанд. Нақшаи шинонидани донакҳо бояд 15 х 60 см бошад, яъне масофаи байни тухмакҳои кошташуда 15 см ва байни ҷўякҳо 60 см аст.
Донаки зардолу ва шафтолуро дар чуқурии 5-6 см, олу 4-5 см, гелос ва олуча 3-4см, себ, нок ва биҳиро 3-3,5 см кишт менамоянд. Баъд аз гузаронидани кишт, болои ҷўякҳо бо аррамайда пушонида мешавад. Ин чорабинӣ барои он гузаронида мешавад, ки баҳорон баъд аз боридани боронҳои бардавом хокро бо намнокӣ таъмин ва аз сафолакбандӣ нигоҳ медорад. Дар фасли баҳор бо баланд гаштани ҳарорати ҳаво сабзиши тухмаку донакҳои дарахтони мевадиҳанда, ки аз тирамоҳ кишт гашта буданд, оғоз мегардад.
Нигоҳубини киштзори тухмакҳо
Баъд аз сабз шудани тухмакҳо коркарди байни қаторҳо дар чуқурии 4-5см ба роҳ монда мешавад. Вобаста аз шароити маҳал обдиҳӣ ва дар ҳолати сахт гаштани стуруктураи хок баъд аз боронҳои бардавом коркарди байни қаторҳо гузаронида мешавад. Дар оянда бардавом коркарди байни қаторҳо ва нест кардани алафҳои бегона ба роҳ монда мешавад. Ниҳолхона ду маротиба ғизо дода мешавад, баҳорон ва тобистон бо меъёри 100кг нўриҳои азотӣ, 50кг нўриҳои фосфорӣ ва 35кг нўриҳои калийгӣ ва бардавом мубориза бар зидди касали ва зараррасонҳо бурда мешавад.
Ниҳолҳои дарахтони олў, олуча, гелос, шафтолу ва зардолу бештар ба касалиҳои клястеспориоз, печиши барг ва доғзании барг осеб мебинанд, ки бо перепарати «Хлорокиси мис» коркард карда мешаванд.
Ниҳолҳои дарахтони себ, нок ва биҳӣ бештар аз касалиҳои гардзанӣ, қутурак ва печиши барг осеб мебинанд, ки бо перепарати «Топаз» ва хокаи ҳалшавандаи сулфур дар об коркард карда мешаванд.
Ва бар зидди зарарасонҳо ба мисоли – ширинча, тортанаккана ва дигар ҳашаротҳо, перепаратҳои «Децис» , «Карате» ва «Нурел Де»- ро истифода мебаранд.
Пайванд кардани дарахтон ва афзалиятҳои он
Пайванд намудани дарахтони мевадиҳанда яке аз намудҳои донишҳои мардумӣ дар боғдорӣ ба шумор рафта, таърихи дурру дарозро дар бар мегирад. Мувофиқи маълумотҳои археолгӣ таърихи пайванд намудани дарахтон дар Осиёи Марказӣ беш аз 5 ҳазор солро дар бар мегирад. Ин чорабинии деҳқонӣ чунин афзалятҳоро дорад:
1.Он имконият медиҳад, ки дарахтони мевадиҳандае, ки ҳангоми бо усули қаламчакунӣ ва фарғучкунӣ реша ҳосил намекунанд, зиёд карда шаванд.
2. Давраи ҳосилбандии дарахтон, нисбати ниҳолҳои аз тухм афзоиш ёфта барвақтар оғоз мегардад.
3. Бо ёрии интихоби тагпайвандҳои алоҳида, дар баъзе ҳолатҳо парвариши дарахтонро дар шароити номувофиқи маҳал ба роҳ мондан мумкин аст (ба хунукӣ тобоварӣ, устуворӣ ба хушкӣ, ба намнокии зиёди хок ва ғайраҳо).
4. Бо ёрии интихоби тагпайвандҳои алоҳида имконияти танзим намудани кадди дарахтон муяссар мегардад (тагпайвандҳои қадпаст: барои себ- М-9, М-26, Jм-5 ва ғайра; барои нок – биҳӣ ва ғайра)
Мўҳлатҳои гузаронидани пайванд
Мўҳлатҳои гузаронидани пайванд барои дарахтони мевадиҳанда гуногун мебошанд. Алалхусус пайванди дарахтони мевадиҳанда дар шароити Тоҷикистон барои донакдорон (зардолу, шафтолу, олу ва олуча) ва мағздорон (бодом ва чормағз) аз даҳаи якуми моҳи июн сар карда то даҳаи дуюм моҳи июл давом меёбад. Дар ҳолати нагузаронидани пайванд дар ин мўҳлат метавон дар давоми миҳи август пайвандро гузаронид.
Барои дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор (себ, нок ва биҳӣ) мўҳлати пайвандгузаронии беҳтарин моҳи август гузаронида мешавад. Дар ин мўҳлатҳои пайвандгузаронии нишондодашуда ширадавонии навъу тагпайвандҳо баланд буда, барои нағз часпидани муғчаи пайванддўст бо тагпайванд мусоидат менамояд.
Исканапайванд (кундапайванд) танҳо баҳорон пеш аз сабзиши дарахтон гузаронида мешавад. Барои пайвандгузаронӣ қаламчаҳое гирифта мешаванд, ки пурра пухта расида бошанд ва аз касалию зараррасонҳо осеб надида бошанд ва ин гуна қаламчаҳо барои пурра сабзидан мусоидат мекунанд.
Дар шароити Тоҷикистон пайвандгузаронии дарахти чормағз кам ба мушоҳида мерасад, ки ин ба гуногуншаклӣ ва паст гаштани сифати меваи он оварда расонидааст. Метавон навъҳои беҳтарини дарахти чормағзро бо усули исканапайванд баҳорон ва бо усули муғчапайванд тобистон (июн ва август) гузаронид. Пайвандгузаронии дарахти чормағз бо усули муғчапайванд мушкилии худро дорад. Муғчаи чормағз айёми пайвангузаронӣ дар фасли тобистон ҳаҷман калон буда, онро бо шакли секунҷаи росткунҷа ҷудо намуда пайванд месозанд. Баъди сабзидани муғчаҳои пайвандгашта, корҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда мешаванд. Пеш аз ҳама ниҳолхона бояд аз алафҳои бегона тоза карда шуда, нуриандозӣ, обёрӣ ва мубориза бар зидди касалию зарарасонҳо сари вақт гузаронида шавад.
Сабзиши пайванддуст бо тагпайванд (усули исканапайванд)
Меристемаи мулоими нимшафофро (бофта ҳосилкунанда), ки дар байни пусти навдаи бофтаҳои чубгашта ҷойгир аст, камбия номида мешавад. Тагпайванд ва пайванддустро тарошида ва қабати камбияро луч карда бо ҳам фишурда зич мекунанд. Ҳучайраҳои камбиягии пайванду пайванддуст ба таксимшавӣ сар карда, бофтаҳои онҳо сабзида бо ҳам мечаспанд. Дар натиҷа байни пайванддусту тагпайванд бофтаҳои гузаронанда ҳосил мегарданд, ки бо воситаи онҳо ҳаракати моддаҳои ғизоӣ ва об ба амал меояд ва пайванд часпида, ба инкишофёбӣ шурўъ менамояд, ки ин ҳолат дар расми 4.1. дар поён оварда шуда нишон дода шудааст.
Расми 1.1. Имконияти (потенсиали) мувофиқойии пайванддўст
Қобилияти сабзиши тагпайванд ва пайванддустро, ки дар оянда ба инкишофёбии пайванддуст мусоидат мекунад, потенсиали мувофиқойии пайванддуст меноманд. Умуман аз нуқтаи назари илми ботаника, чи қадаре, ки тагпайванд бо пайванддуст ҳаҷмашон (диаметр) ба ҳам баробар оянд, ҳамон қадар потенциали пайванддуст баланд мегардад.
![]()
![]()
Расми 1.2. Усулҳои пайвандкунӣ бо қаламча- усули исканапайванд
1. Тагпайвандро аз сатҳи хок болотар мебуранд.
2. Навдаи пайвандустро бо гузоштани 1-2 муғча мебуранд.
3. Пусти пайванддустро тарзе мебуранд, ки камбия луч гардад.
4. Аз тарафи муқобилтар дар тагпайванд буриши моил мегузаронанд.
5. Дар тагпайванд бо самти поён бурише мекунанд, ки камбия луч шавад.
6. Қабати камбиягии тагпайванду пайванддустро бо ҳам мечаспонанд.
7. Ҷойи пайвандшударо бо плёнка сахт мепечонанд.
8. Баъзан ҷойи пайвандро бо халтачаҳои целофанӣ ё плёнка маҳкам мекунанд.
Расми 1.3. Муғчапайванди шакли ҳарфи «Т».
1. Бо корд аз боло ва поёни муғча навдаи дарахтро мубуранд.
2. Муғчаро бурида ҷудо мекунанд, (вай шакли сипаракро дорад).
3. Дар тагпайванд дар шакли ҳарфи «Т»- буриш мегузаронанд.
4. Дар буриши шакли «Т»тагпайванд, сипармуғчаро мегузоранд.
5. Ҷои пайвандро бо плёнка печонида мебанданд.
Расми 1.4. Муғчапайванди зери пустӣ (в приклад)
1. Аз таг ва болои муғча бо корча мебуранд.
2. Муғчаро ҷудо карда мегиранд.
3. Дар танаи тагпайванд аз боло ба поён пустро мебуранд.
4. Дар ҷойи буридашуда муғчаи пайванддустро мегузоранд.
5. Ҷойи пайвандро бо плёнка печонда мебанданд.
Расми 1.5. Пайвандреша
Пайвадгузаронӣ дар реша дар ҳолате гузаронида мешавад, ки агар таъсири зараррасонҳо дар реша айён гашта ба инкишофи он таъсири манфӣ расонанд. Мақсади чунин пайвандкунӣ аз барқарокунии ҳолати пештараи дарахтон иборат мебошад.
Афзоиши дарахтони мевадиҳанда бо усули қаламчакунонӣ
Як қатор дарахтони мевадиҳандаро метавон бо усули қаламча зиёд намуд (анҷир, анор, ток, санҷид ва ғайра). Ин усул имконият медиҳад, ки ин гуна дарахтон бе гузаронидани пайванд, зиёд гашта рушд ва нумуъ ёбанд. Қаламчакунониро хубтар мешуд, ки тирамоҳ гузаронид, чунки ин фоизи сабзиш ва рушди қаламчаҳоро афзун мегардонад. Қаламчаҳоро тирамоҳ аз дарахтони солим бо дарозии 40 - 45 см бурида, 3 - 4 чашмакро зери хок намуда, бо нақшаи 20 х 60см мешинонанд. Хок бояд бо порўи пусидашуда омехта карда шуда бошад. Баъд аз шинонидани қаламчаҳо, намнокиро назорат мекунанд. Дар ҳолати кам гаштани намнокии хок обмонӣ гузаронида мешавад. То саршавии фасли сармо ва боришотҳои бардавом намнокии хок бо роҳи обмонӣ бартараф карда мешавад. Баҳорон баъд аз сабз гаштани қаламчаҳо, корҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шуда, нигоҳубини қаламчаҳо давом меёбанд. Дарахтони мевадиҳандае, ки бо усули қаламчакунӣ зиёд мешаванд, метавон бо роҳи хавоза (хам кардани навда ва хокпуш кардан) низ зиёд гардонида шаванд. Баъд аз сабз гаштани навда, онро аз дарахти модарӣ ҷудо мекунанд. Дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, биҳӣ, зардолу, шафтолу, олу, олуча, гелос ва ғайра низ метавонанд бо усули қаламчакунӣ зиёд гардонида шаванд. Ин гуна қаламчаҳоро аввал дар маҳлули моддаи махсуси химиявӣ - гетероауксин нигоҳ медоранд. Ин чорабинӣ барои он гузаронида мешавад, ки чунин қаламчаҳо аз таъсири ин моддаҳои стимуляторӣ реша пайдо менамоянд. Ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаро дар шароити лабараторӣ низ аз меристема зиёд мекунанд, ки ин беҳтарин усули зиёдкунии дарахтони мевадиҳанда ба шумор меравад. Чунин ниҳолҳо аз ҷиҳати навъӣ ва аз касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ озод мебошанд ва фоизи баланди сабзишро доранд.
Нигоҳубини ниҳолҳо
Баҳорон баъд аз сабз гаштани муғчаҳои пайвандгашта ба нигоҳубини ниҳолҳо шуруъ менамоем. Пеш аз ҳама корҳои агротехникӣ ба роҳ монда мешавад, ба мисоли коркарди байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона, нуриандозӣ ва мубориза бар зидди касали ва зарарасонҳо. Барои хўб нашъунамо ёфтани ниҳолҳои пайвандгашта бештар бехҷастҳои аз тагпайванд сабзшударо бо ёрии корд тоза кардан лозим меояд. Ин амал то охири давраи нашъунамо 5-6 маротиба гузаронида мешавад.
Бо мақсади хуб нашъунамо ёфтани ниҳол ва пайдо гаштани шоху навдаҳо, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгў гардад, пеш аз ҳама дар ҳолати 80см қад кашидани ниҳолҳо, нуқтаи сабзиши ниҳолро канда мепартоянд (чеканка), то ки танаи ниҳол ғафсу шоху навдаҳо пайдо гарданд. Одатан ин корро моҳи июнь мегузаронанд. Коркарди байни қаторҳо то охири давраи нашъунамо 5-6 маротиба гузаронида мешавад, ки ин ба беҳтар гаштани стуруктураи хок оварда мерасонад. Ба ниҳолҳо ду маротиба ғизо дода мешавад. Ғизодиҳӣ якумро дар давраи айёми сабзиши муғчаҳо бо сарфи 150 кг нўриҳои азотӣ, 70 кг нўриҳои фосфорӣ, 35 кг нўриҳои калийгӣ дода мешавад. Ғизодиҳии дуюм бо ҳамин меъёр, моҳҳои июнь, июль гузаронида мешавад. Ғизодиҳӣ, коркарди байни қаторҳо ва обмонӣ дар якҷоягӣ ба роҳ монда мешавад. Мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо низ сари вақт гузаронида мешаванд. Дар аввалҳои моҳи октябрь коркарди байни қаторҳо ба анҷом расонида мешавад. Баъд аз фаро расидани давраи хазонрез, одатан ниҳолҳо канда шуда, фурўхта ё ин ки ба ҷои дигар бурда мешаванд.
Бунёди боғҳои модарӣ
Барои ба даст овардани ниҳолҳои аз ҷиҳати навъи тоза, бояд ҳатман мо боғҳои модарӣ бунёд намоем. Дар боғҳои модарӣ навъҳои беҳтарин ва нодири дарахтони мевадиҳанда ҷамоварӣ гашта, баҳри гирифтани қаламча барои пайвандгузаронӣ парвариш карда мешавад. Дар ин гуна боғҳои модарӣ нақшаи шинонидани дарахтон зич ба роҳ монда мешавад. Аз чунин дарахтон танҳо қаламча гирифта мешавад. Барои гирифтани қаламчаҳои солим аз боғҳои модарӣ бояд корҳои агротехникӣ, аз қабили коркарди байни қаторҳо, андохтани нўриҳои минералӣ, обёрӣ, нест кардани алафҳои бегона ва мубориза бар зидди касалию зарарасонҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолати баланд гаштани қадди дарахтони модарӣ – ҷавонкунии дарахтон ба роҳ монда мешавад. Ҷавонкунии дарахтон бо усули пурра буридани шоху навдаҳо гузаронида мешавад. Мўҳлати истифодабарии чунин боғҳои модарӣ 30-35 солро ташкил медиҳад.
Ҳамроқул Маҳмадқулов, Ҷамшед Солиҳов
2. ТОК ВА РОҲҲОИ АФЗОИШИ ОН
Буттаи ток ва меваи шаҳтбори он – ангур барои инсон ҳамчун маводи ғизогӣ ва табобатӣ, аҳамияти хоса дорад. Таърихи пайдоиши ток ва истеъмоли меваи он аз тарафи одам хело кадиму тўлонист.
Ток дар табиат асосан бо ду роҳ афзоиш меёбад.Ҷинсӣ яъне ба воситаи тухм ва ғайриҷинсӣ, яъне ба востаи қисми нашвии (вегетативӣ) ток.
Афзоиш бо воситаи тухм
Афзоиши ҷинсӣ ё ин ки наслӣ ба воситаи тухм танҳо дар корҳои селексионӣ барои ба даст овардани навъҳои нави ангур ва баъзе намудҳои ангури душвор решадиҳанда, ба монанди намуди Витис берландиерӣ истифода бурда мешавад. Дар шароити истеҳсолот ба воситаи тўхм афзоиш додани токро истифода намебаранд. Чунки, буттаҳои аз тухм ба воя расида дар авлоди худ дуршавии аломатҳои наслӣ ба амал меояд ва онҳо аз хусусиятҳои модарии худ, аз ҷиҳати сохти морфологӣ, нашъунамо, ҳосилнокӣ ва сифати ҳосил фарқ мекунанд. Ба замми ин буттаҳо одатан дер, дар солҳои 5-7 ба ҳосил медароянд.
Зиёдкунӣ бо роҳи нашвӣ
Роҳи зиёдкунии нашвии ток ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешавад:
· афзоиш ба воситаи қаламчаи оддӣ,
· афзоиш бо роҳи пайванд кардан,
· афзоиш бо роҳи фарғонкунӣ,
· афзоиш аз ҳуҷайраҳои тақсимшавандаи нуқтаи сабзиш (афзоиши ниҳолҳои беҷирм бо истифодабарии усулҳои биотехнологӣ).
Афзоиши нашвии ток аз рўи хосияти биологии он – аз нав барқароршавӣ асос ёфтааст. Аз нав барқароршавӣ қисмҳои нашвии ток гуногунанд. Масалан, реша метавонад танҳо решаҳои паҳлугӣ диҳад, аммо реша растании навро бунёд карда наметавонад, чунки дар реша пумбак (муғча) нест. Бо роҳи нашвӣ растании нав танҳо дар он ҳолат пайдо шуданаш мумкин аст, ки дар он лоақал як ё ду пумбак (муғча) бошад. Аз ин рў афзоиши нашвии ток танҳо аз навдаи он, аз қаламчаи оддӣ ё қаламчаҳои пайвандӣ ва фарғонкунии навда (зери хок кардани навда), ки онҳо пумбак (муғча) доранд ба амал меояд.
Аз нав барқароршавӣ растании нав бо роҳи нашвӣ ба воситаи навдаи пумбакдор дар он ҳолат ба амал меояд, ки дар навда миқдори зиёди ангишттобҳо, танзиманҳои эндогенӣ, шароити хуби гармӣ, намӣ, озуқа барои сабзиши реша ва навда муҳаё бошад.
Афзоиши ток бо қаламчаҳо
Афзоиши нашвӣ бо қаламчаҳои оддӣ - ин тарзи афзоишдиҳӣ аз ҳама осонтар ва арзонтари ток буда, он танҳо дар минтақаҳои токпарварӣ аз ҳашароти филлоксера озод гузаронида мешавад. Бо ин роҳи афзоишдиҳӣ ва зиёдкунӣ одатан аз навдаҳои пухтарасида қаламчаи то 4-5 пумбакдор истифода мебаранд ва аз он ниҳол парвариш мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар вақти зиёдкунии ток ба воситаи қаламчаи оддӣ – навдаҳои сабзро низ истифода бурдан мумкин аст.
Афзоиш бо роҳи пайвандкунӣ
Афзоиши нашвӣ бо роҳи пайванд кардан танҳо дар минтақаҳои токпарварие, ки ҳашароти филлоксера паҳн шудааст истифода бурда мешавад. Бояд қайд кунем, ки ин роҳи афзоиш инчунин дар минтақаҳо дорои хунукии қаҳратун, ки қисми решагии токро хунук мезанад, истифода мегардад.
![]()
Расми 2.1. Пайвандкунии дастӣ![]()
Расми 2.2. Пайвандкунии механикӣ
1,2,3 – шаклҳои пайвандкуни
Ин роҳи сунъи пайваст кардани ду қаламчаи тайёркардашуда (компонент) – навъи асоси пайвандшаванда бо навъи такпайванд асос ёфтааст. Қаламчаи пайвандшаванда одатан кўтоҳ буда, як-ду пумбак дорад, ки аз он баъди пайванд намудан навда месабзад.
Такпайванд нисбатан дарозтар ба он қаламчаи пайвандшавандаро пайваст мекунанд, ки аз он реша мерўяд.
Дар ҳолати барпо намудани шароит ин компонентҳо мечаспанд ва барои пайдо шудани растании нав асос мешаванд, ки онро ниҳолҳои пайвандии ток меноманд.
Расми 2.3. Пайвандкунии навдаҳои сабз.
Афзоиши нашвӣ бо роҳи фарғонкунӣ
Ин тарзи зиёдкунӣ камтар истифода мешавад. Ин роҳ асосан дар вақти таъмири токзори ҳосилдеҳ истифода бурда мешавад. Ин усул амалан ин тавр гузаронида мешавад: химчаи пешаки тарбия кардаи порсоларо ба замин дар чуқурии 20-25 см горизонталӣ хобонида зери хок карда, як-ду пумбак аз хок берун гузошта зиёдатиашро мебуранд. Ин кор агар аввали баҳор ё тирамоҳ гузарона шавад аз навдаҳои пухтарасида истифода мебаранд, агар тобистон гузаронанд аз навдаи сабз истифода мебаранд. Бо ин усул ҷойҳои холигии қатори токзори ҳосилдеҳ пурра карда мешавад.
Расми 2. 4. Афзоиши ток бо роҳи фарғонкунӣ
А- бо воситаи химчаи пухтарасида; Б- бо воситаи навдаи сабз.
Афзоиш аз ҳуҷайраҳои тақсимшавандаи нуқтаи сабзиш
Ин усул асосан дар институтҳои тадқиқоти илмӣ дар вақти зиёд кардани навъҳои нодиру камёфт ва барои тайёр кардани ниҳолҳои беҷирм (бевирусӣ) истифода бурда мешавад.
Тайёр намудани қаламча
Қаламчаҳои токро аз токзорӣ қаламчадеҳи модарӣ ё худ аз токзорӣ ҳосилдеҳи муқаррарие, ки пешаки буттаҳои ток аз рўи ҳосилнокиашон, қувваи сабзишашон, солимиашон, ба ин ё он навъи ток мансуб буданашон аниқ карда шуда, дар буттаҳои то нишона монда шудааст, тайёр карда мешаванд.
Дар шароити Тоҷикистон тайёр кардани қаламчаро дар ду мўҳлат гузаронида мешавад. Дар мавзеъҳои, ки токҳо тирамоҳ хокпўш карда мешаванд, тайёр намудани қаламҷаҳо пеш аз хокпўшкунӣ гузаронида мешавад. Дар мавзеъҳои боқимонда тайёр кардани қаламчаро дар тамоми давраи карахтии ток, ғайр аз рўзҳои сармо гузаронидан мумкин аст. Мавриди баҳорон тайёр кардани қаламча зарурияти дуру дароз нигоҳдории онро аз байн мебарад.
Пеш аз бурида тайёр намудани қаламчаҳо, навдаҳоро аз канаб ва дигар маводи бастубанд озод карда, печакҳоро мебуранд. Дар токзор то оғози буридани навъҳои асосӣ ҳама буттаҳои навъҳои омехташуда, ниҳолҳои камҳосил, осебдида ва ғайра, ки дар вақти санҷиш қайд карда нишона карда шудаанд, бурида ва токпилаҳояшон аз токзор берун бароварда мешаванд. Баъди он ба тайёр намудани қаламчаи навъи асосӣ сар мекунанд.
Дар вақти тайёр кардани қаламча навдаҳои ба пўррагӣ пухта расидаю солимро, ки пумбакашон нағз ташакул ёфтааст, мегиранд. Пухта расидагии навдаҳоро аз рўи аломатҳои берунӣ муайян мекунанд. Навдаи пухта расидагӣ сахт шуда, ранги хоси навъи дорад ва дар вақти тоб додани он садои пасти кафидан шунида мешавад.
Навдаҳои буридаро аз печакҳо ва навдаҳои бағали тоза карда қаламчаҳоро бо дарозии 40-45 см ё ки ба дарозии дукаратаи он 80-90 см мебуранд. Бояд ғафсии қисми болоии қаламча аз 5-6 мм кам набошад. Бояд қайд кард, ки дар вақти тайёр кардани қаламча қисми поёнии онро кўндаланг, 3-4 см поёнтар аз буғум (барои он, ки дар мавриди лозими буриши нав аз зери буғум гузаронида шавад) мебуранд. Қисми болоии қаламчаро моил мебуранд. Ин имкон медиҳанд, ки дар вақти шинондан қисми боло ё поёнии қаламча бе душворӣ фарқ карда шавад.
Аз навдаҳои бағалии нағз инкишоёфта ва хуб пухта расидагӣ, ки ғафсиашон мувофиқ аст, низ қаламча тайёр кардан мумкин аст. Қаламчаҳои тайёр шударо банча намуда, сару поинашонро баробар мекунанд ва бо сими мулоим ё худ риштаҳои капронӣ аз ду ҷой мебанданд. Ҳар бандча бояд аз 200-250 дона қаламча иборат бошад. Ба ҳар як бандча тамғаи тахтагин, ки дар он бо қалам номи навъҳои ток, миқдори қаламча навишта шудааст меовезанд.
Қаламчаҳои тайёршуда то шинонидан бояд дуруст нигоҳ дошта шаванд. Сифати қаламча, тозагӣ ва қобилияти сабзиши он ба шароити нигоҳдорӣ сахт вобаста аст. Барои қаламчаҳо шароите муҳайё кардан лозим аст, ки барои пурра нигоҳдории пумбакҳо, сарфи ками моддаҳои пластикӣ ва зудтар реша гирифтани онҳо мусоидат кунад. Қаламча на бояд аз хушкшавӣ ё намнокии зиёд зарар бинад. Дар шароити Тоҷикистон қаламчаҳоро дар ҷўяк ё ин ки дар хандакҳо нигоҳ медоранд. Хандакро дар ҷойҳои баландии бо дарахтони муҳофизатшаванда муҳофизатшуда бараш (100 см чуқуриаш 70-80 см) мекананд. Дарози ва адади хандак ба миқдори қаламча вобастааст. Пеш аз гузоштани қаламчаҳо тагу деворӣ хандаҳоро намнок кардан лозим аст. Ба хандак аввал бо ғафсии 5-7 см қуми намнок рехтан даркор. Бандчахҳои қаламча дар хандакҳо ба таври амўдӣ бо ҳам зич гузошта мешаванд. Фосилаи байни бандчаҳоро бо гурўшахоки нарм ё реги намноки дарё пур кардан зарур аст. Қисми поении қаламча бояд пурра ба замин ё қум рассад. Аз болои бандҳои қаламча бо ғафсии 10-15 см хок пўшида мешавад.
Муайян намудани сифати қаламча
Қаламчаҳои нағз нигоҳубин шуда, пумбак ва танаи солим дошта, пўсташон ранги муқаррарӣ ё камтар тирагашта доранд. Солимии пумбакҳо аз рўи намуди зоҳирӣ, инчунин бо роҳи ба дарозӣ буридани пумбак муайян карда мешавад. Муғҷаи пумбакҳои солим сабз ва пумбакҳои зарардида бошад бўр ё сиёҳ мешаванд.
Тару тозагии қаламчаро аз рўи ранги чўбаш, ки дар таги пўст ҷойгиранд, муайян мекунанд. Бофтахои зери пўсти қаламчаи тару тоза ранги пистоқигии равшан дорад. Дар холати зер кардани кордча ё қайчии токбўрӣ дар ҷои буридашуда қатраи об пайдо мегардад. Ранги бофтаи қаламчаҳои хушкшуда тирагун ё сабзча аст.
Тайёр намудани қаламчаҳо пеш аз шинондан
Дар ниҳолхонаҳо қаламчаҳо баъди шинонидан баъзан бад месабзанд. Сабаби асосии ин дар он аст, ки навдаҳои ҷавон аз пумбак хело барвақт, пеш аз пайдошавии решачаҳо инкишоф меёбанд. Дар чунин ҳолат навдаҳои сабзида аз норасидани намӣ ва моддаҳои ғизои хушк мегарданд.
Барои он ки раванди кушодашавии пумбак суст ва сабзиши реша тезонида шаваду ниҳолҳои пурқувват ба даст оянд усулҳои гуногуни ба шинондан омодасозии қаламчаҳо истифода мегарданд. Ба усулҳои (роҳҳои) нисбатан паҳншуда инҳо дохил мешаванд: аз нав буридани қисми поёнии навда, дар об таркунӣ, саропой (чаппа) гузоштани қаламчахо – кильчевание (синҷикунонии қаламчаҳо) ва коркард бо ангезандаҳои сабзиш.
Расми 2.5. Синҷикунонии (саропойгузории) қаламча
Пеш аз дар замин шинондани қаламчаҳо, буриши қисми поёнии қаламчаҳо боиси тез пайдошавии решаҳои онҳо мегардад. Барои ин ба воситаи қайчии токбўрӣ дар масофаи 0,5 см поёнтари буғуми якўм қаламчаро аз нав мебуранд. Ин роҳ дар пайвастагӣ бо дигар усулҳо натиҷаи хуб медиҳад.
Таркунии қаламчаҳо пеш аз шинондан дар об чи хеле ки маълум аст, шарти асосии таъмин намудани сабзиши қаламчаҳо ба ҳисоб меравад. Дар вақти ба масофаи дур кашондан, баъзан дар вақти нигоҳдорӣ, намии қаламчаҳо то андозае мепарад, бинобар ин онро бояд ҳатман бо усули аз се як ҳисса (қисми поёнашро) зери об мондан барқарор кардан зарур аст. Давомнокии таркунии қаламча дар об аз дараҷаи хушкшавии он вобаста аст. Дар мавриди риоя кардани қоидаҳои нигоҳдорӣ одатан ду рўз тар кардан кифоя аст.
Барои саропойгузории қаламчаҳо, одатан хандаки чуқуриаш 80 см ва бараш то 2 м-ро мекананд. Қаламчаҳои поёнашон такроран буридаю дар об таркардаро гирифта, қисми поёнашонро ба як тараф гузошта 100-200 донагӣ сахт мебанданд.
Бандчаҳоро дар хандаки тайёркарда (саропой) тарзе мегузоранд, ки болои онҳо як ҳамвории уфуқи дошта бошад. Дар холати нобаробарии бандчаҳо ба зери бандчаҳои кўтоҳ хок мерезанд ё зери бандчаҳои дарозро чуқур мекунанд. Барои пешгири тафсидани қаламчаҳо ва варамкунии пумбакҳо ба фосилаи холимондаи байни онҳо қум мерезанд. Пас аз ин ба буриши поёнии бо қабати 3-5 см аррамайдаи чўб ё қуми дарё пўшонида аз болои он бо ғафсии 15 см пору мехобонанд. Поруро сернам мекунанд. Баъд аз ин барои таъмин намудани гармӣ ва намӣ, ки барои ҳосил- шавии решахона (калиус) дар буриши поёнии қаламча зарур аст, хандакро бо плёнкаи полиэтилинӣ мепўшонанд. Дар рўзҳои гарм хандакро бояд шамол дод. Нигоҳубини минъбаъдаи қаламчаҳо аз намнок кардани пору (дар ҳар ду - се рўз) иборат аст. Мўҳлати хотимаи ин усул ҳамон вақт фаро мерасад, ки агар дар рўи ҳамвории, буридашудаи аксарияти қаламчаҳо бофтаи равшани мулоим решахона пайдо шавад. Давомоти дар хандак нигоҳ доштани қаламчаҳо то пайдоиши решахона 20-25 рўз мебошад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани оғози нумўи решачаҳо қаламчаҳоро дуру дароз дар хандакҳо нигоҳ доштан, решачаҳоро мешикананд. Вақти хуби шинонидани қаламчаҳо моҳи апрел ба шумор меравад.
Коркарди қалмчаҳо бо ангезандаҳои сабзиш
Солҳои охир дар токпарварӣ, аз он ҷумла дар ниҳолпарварии ток аз ангезандаҳои сабзиш истифода мебаранд. Хусусияти ин дар он аст, ки дар ҳолати ба ин ангезандаҳо коркард намудани қаламча, рафти решапайдокунии онҳо тезонида мешавад. Дар вақти тар кардани қисми поёнии қаламча дар маҳлули 0,03-0,004%-и индолилуксуси кислотаи гетероауксин ва дар маҳлули 0,0025%-и кислотаи альфа – нафтилуксусӣ (нук) дар муддати 24 соат боиси тез пайдо гаштани решаи қаламчаҳо мегардад. Қаламчаҳои бо ин маҳлулҳо коркардашуда бояд ҳамон рўз шинонда шаванд.
Тайёр намудани замин, шинондани қаламча ва парвариши ниҳолҳо
Заминро барои шинонидани қаламчаҳои ток одатан аз тирамоҳ тайёр мекунанд. Шудгори заминро дар чуқурии 40-50 см мегузаронанд. Замини қитъаҳои хурдро дастӣ дар чуқурии имконпазир побел мекунанд. Қаблан аз рўи меъёр нури меандозанд: пору 20-40 т/га, нурии фосфордор 80-100 кг/га ва нурии калйдор 40-50 кг/га аз рўи моддаи таъсирбахш. Баҳорон баъди пайдо шудани шароит, заминро бо ёри чизель – культиватор дар чуқурии 15 см нарм ва мола мекунанд.
Расми 2.6. Нақшаи дастӣ шинонидани қаламчаҳо дар ниҳолхона
Аз рўи тавсияҳо дар сурати 60 см будани байни қаторҳо ва 4 см байни қаламчаҳо дар қатор шинонидани 417 ҳазор дона қаламча дар 1 га ва дар мавриди 70 см будани байни қаторҳо ва 3-3,5 см байни қаламчаҳо бошад, 476-480 ҳазор дона қаламча дар 1 га шинонида мешаванд.
Қаламчахоро дастӣ дар ҷўякҳо дар чуқурии 28-30 см бо ёрии асбоби махсуси корӣ, ки бо агрегати ПРВМ-3 васл карда мешавад мешинонанд. Дар мавриди набудани техника, кашидани ҷўякҳо, гузоштани қаламча дар масофаи қабулшуда ва хокпўшкунӣ дастӣ ба ҷо оварда мешавад. Қаламчаро тавре хокпўш мекунанд, ки як пўмбак аз хок берун монад. Баъди хокпўшкунӣ дарҳол ба ҷўякҳо оби якўмро борик сар медиҳанд.
Барои дар сатҳи 70-75% нигоҳ доштани намнокӣ дар шароити иқлими ҷумҳурӣ, 8-10 маротиба бо меъёри 600-800м3 дар 1 га об мондан лозим аст. Мўҳлати обмонӣ чунин аст: моҳи апрел – 1 маротиба, май 1-2, июн – 2, июл – 2-3, август – 2-3, сентябр-1-2 маротиба.
Ба растаниҳо дар давраи нашъу намо бояд ду маротиба ғизо дода шавад: ғизодиҳии якўм дар аввали моҳи июн, бо сарфи нуриҳои нитрогендор - 75-80 кг аз рўи моддаи таъсирбахш дар 1 га, ғизодиҳии дувюм дар аввали моҳи июл - 75-80 кг нуриҳои нитогендор, 30-40 кг нуриҳои фосфордор ва 30 кг нуриҳои калийдор аз рўи моддаи таъсирбахш дар 1 га гузаронида мешавад.
Байни қаторҳо бояд на камтар аз 4-5 маротиба нарм карда шавад (одатан баъди обмонӣ). Пас аз оғози қадкашии ниҳолҳо 3 маротиба чобуқ ва як маротиба дасти алафҳои бегонаро мекананд. Дар мавриди дар баргу навдаҳои растаниҳои сабз мушоҳида шудани касалии занбуруғӣ, гардзанӣ (ҷел) дар фасли тобистон ба ниҳолҳо 1-2 маротиба коркарди химиявӣ бо заҳрҳои кимиёвии байлитон 0,1% 1 кг/га, топаз 10%-0,5 л/га топсин 70%-1,5 кг/га, хокаи олтингўгирд – 15-20 кг/га коркард карда мешавад. Бо мақсади муайян намудани тозагии навъҳо ва солимии онҳо дар охири моҳи август бақайдгирӣ ва санҷиши ниҳолҳо гузаронида мешавад. Дар нихолхона агар ниҳолҳои навъҳои дигар ва нихолҳои ба касалиҳои вирусӣ ё бактериявӣ дучор гашта вохўранд, онҳоро ҳатман канда мепартоянд.
Кандани ниҳолҳо, нигоҳдорӣ ва фурўши онҳо
Ниҳолҳоро бо механизмҳои махсус ё дастӣ дар охири давраи нашв пас аз қатъ гаштани қадкашӣ ва пухта расидани навдаҳо то фарорасии хунукӣ (моҳҳои октябру ноябр) мекананд. Агар баргҳои ниҳолҳо пурра нарехта бошанд, он гоҳ ниҳолҳо бо маҳлули 0,1-0,2% обии хлориди калсий ё 0,3% хлорати магний (15-20 рўз пеш аз кандан) коркард карда мешаванд. Дар ҳолати хушк будани хок ду ҳафта пеш аз кандани ниҳолҳо ба ниҳолхона об мемонанд. Дар вақти ҳозира дар ниҳолхонаҳо ниҳолҳоро ба воситаи плуги махсуси ВПН-2 ё кафлесӣ дар мошини махсуси токпарварӣ ПРВМ-3 васл шуда мекананд. Кафлес решаи ниҳолҳоро аз таг ва бар бурида онро якҷоя бо хокаш мебардорад. Пас аз он ниҳолҳоро дастӣ чинда ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд. Дар мавриди кам будани ниҳолҳо онҳоро дастӣ мекананд. Ниҳолҳо бояд аз ҷиҳати навъашон тоза, хуб инкишоф ёфта, бенуқсон бошанд. Дарозии химчаҳои расида на бояд аз 25-30 см кам бошад: онҳо бояд 3-4 пумбаки хуб инкишофёфта дошта бошанд. Диаметри химча дар асосаш аз 5 мм ва дар мавриди ду химчаи асосӣ доштан (ҷаъми диаметри ҳар ду химча) аз 8 мм кам набошад. Ниҳолҳо бояд на камтар аз 3 решаи асосӣ дошта бошанд (ғафсии решаҳо бояд аз 2 мм зиёд буда, дарозиашон на камтар аз 8 -10 см бошад).
Баъди ҷудо кардан ниҳолҳои ҳар як навъро алоҳида 50 донагӣ банча карда бо сим мебанданд ва ба он тағма меовезанд, ки дар он номи навъ, номи хоҷагӣ, миқдори ниҳолҳо навишта мешаванд.
Ниҳолҳо то давараи фурўш ва шинондан дар фасли баҳор дар хандакҳо каме нишеб гузошта мешаванд ва болояшонро бо хоки мулоим мепўшонанд. Барои аз сармо эмин доштани ниҳолҳо болои онҳоро то ба 25-30 см хок пўшонидан тавсия мегардад.
Хоҷагии ниҳолпарварӣ ин хоҷагии махсусгардонидашуда буда, барои истеҳсоли ниҳоли ток ва дигар дарахтони мевадиҳанда таъсис дода мешавад. Қисми таркибии чунин хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, ки ба истеҳсоли ниҳолҳои дарахтон ва ток машғуланд бояд чунин чизҳо аввалиндараҷаро дошта бошанд: 1) боғҳои модарии навъҳои ноҳиябандишудаи ангур, ки аз он ҷо қаламчаҳо барои парвариши ниҳолҳо тайёр карда мешаванд; 2) қитъаи замини ҳосилхези обӣ бо майдонҳои киштгардон, ки дар он ҷо ниҳолҳои ток парвариш карда мешаванд; 3) анборҳои махсус барои нигоҳдории қаламчаҳо ва ниҳолҳо, хандакҳо ва гармхонаҳои махсус барои тайёр намудани қаламчаҳо барои шинонидан ва ғайра.
Боғҳои модарии ток ва хусусиятҳои парвариши буттаҳо
Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, ки ба истеҳсоли ниҳоли ток машғуланд, қаламчаро аз токзори ҳосилдеҳи тозанавъи серҳосил тайёр мекунанд, ки онро боғҳои модарӣ навъҳои ноҳиябандишудаи ток меноманд. Боғҳои модарии ток аз ниҳолҳои навъи муайян (ноҳиябандишуда), ки ба воситаи санҷиш ва селексияи умумӣ ба даст дароварда шудааст, бунёд карда мешавад. Маҳсулоти асосии ин токҳо қаламчаҳои босифат мебошад. Дар боғҳои модарӣ нақшаи ҳосилдиҳӣ муайян карда намешавад. Аз ин рў ҳама корҳои нигоҳу бини токҳо ба сабзонидани навдаҳои боқувват ва солим ва хуб расида (пухта) равона карда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо боғҳои модариро бо усули бисёрпанҷаи бодбезакмонанд дар ҳавозаи амудӣ бо зичии буттаҳои ток аз рўи 3х2 ё 4х2 м истифода бурда мешавад. Дар токзорҳои модарӣ, сарбории буттаи ток 25-30 фоиз камтар мондан нисбат ба сарбории оптималии токҳои ҳосилдеҳ ва кўтоҳ буридани химчаҳои ҳосил (3-5 буғум) ба мақсад мувофиқ дониста шудааст.
![]()
Расми 2.7. Тарзи шаклдиҳии буттаи ток дар боғҳои модарӣ.
Дар боғҳои модарӣ ток инчунин сари вақт гузаронидани «хомток», - канда партофтани навдаҳои зиёдати, бастани навдаҳо ба сими ҳавоза, кандани навдаҳои бағалӣ, чеканка ва мунтазам гузаронидани мубориза бар зиддӣ касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон омилҳои ҳатмии парвариши токзор ба ҳисоб мераванд. Токзори модарӣ агротехникаи баландро талаб мекунад, зеро ниҳоли солим асоси токпарвариро ташкил медиҳад. Дар чунин боғҳо тарзҳои прогрессивии нигоҳубини буттаҳо, аз қабили коркарди хуби замин, обёрӣ ва ғизодиҳӣ саривақтӣ, инчунин мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон истифода бурда мешавад.
АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Кирилов И.Ф. и др. – Виноградсрвто Таджикистана. Душанбе «Ирфон», 1970.
2. Мержаниан А.С. – Виноградарство. М.: Колос, 1967.
3. Мищуренко А.Т. Виноградный питомник. М.: Агропромиздат, 1987.
4. Морозова Г.С. и др. – Виноградарство с основами ампелографии. М.: Агропромиздат, 1987.
5. Морозова Г.С. – Практикум по виноградарству. М.: «Колос», 1972.
6. Партоев К., Джумахмадов А., Меликов К. Сохранение местного агробиоразнообразия – путь к продовольственной безопасности в условиях Таджикистана. Труды по прикладной ботанике, генетике и селекции, том 166. Санкт – Петербург 2009, стр.436-439.
7. Раҷабов Қ.Р. – Токбурӣ. Душанбе, 1989.
8. Раҷабов Қ.Р. – Маълумотномаи токпарвар. Душанбе, 1986.
9. Смирнов В.К. и др. – Виноградарство. М.: Агропромиздат, 1987.
10. Физология винограда и основы его возделывания. Том 1,2,3. София, издательство Болгарской Академии наук, 1981,1983,1984 гг.
11. Шукуров Н.Ш. – Хомток. Душанбе «ирфон», 1992.
12. Энциклопедия виноградарства. Т.1.2.3. – Кишинев. Главная редакция Молд. Совет. Энциклопедия, 1986, 1987 гг
| < Предыдущая | Следующая > |
|---|
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
