Вход в сообщество

Вы здесь:   Другие полезные материалы > Донишҳои мардумӣ ва рушди кишоварзӣ

Донишҳои мардумӣ ва рушди кишоварзӣ

Муаллифон:

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ – Роҳбари ТҶ-ии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт, номзади илмҳои кишоварзӣ;

Қурбоналӣ МЕЛИКОВ
– Тадқиқотчии ТҶ-ии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт;

Асомиддин ҶУМАҲМАДОВ – Агрономии ТҶ-ии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт.

Донишҳои мардумӣ аз қабили усулҳои хонасозӣ, истифодаи оқилонаи замину об, пайвандзанӣ ва афзоиши дарахтону зироатҳо, навъбарорӣ ва тухмипарварии мардумӣ, ба даст овардани ҷинсҳои сермаҳсули чорвою парранда, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулот ва ғайраҳо дар муддати таърихи тўлонӣ андўхта шудаанд. Имрўз ин донишҳо барои наслҳои оянда низ заруранд ва мо бояд роҳу усулҳои нигоҳ ва ҳифз намудани ин донишҳои суннатиро барои наслҳои оянда қавӣ ва устувор гардонем. Аз ин лиҳоз дар китобчаи мазкур роҳҳои минбаъд омўхтан ва абадӣ гардонидани донишҳои мардумӣ дар ҷомеа, баҳри рушди ояндаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ тавсияҳои амалӣ оварда шудаанд, ки ба хонандагони мўҳтарам дар ҳаёти онҳо кўмаки заруриро расонида метавонанд.

Муҳаррир: Қурбоналӣ ПАРТОЕВ
– номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмӣ

Тайёр намудан ва чопи китобча бо дастгирии молявии Фонди Крситенсен ба амал омадааст, бинобар ин муаллифон нисбати ин Ташкилоти кўмакрасон миннатдории хешро баён менамоянд.

Мундариҷа

САРСУХАН. 4

1. МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ОИДИ ЭТНОБИОЛОГИЯ. 6

2. ОМЎЗИШИ ДОНИШҲОИ МАРУДМӣ. 8

3. МАЪЛУМОТҲО ОИДИ БАЪЗЕ АЗ ДОНИШҲОИ МАРДУМӣ. 10

3.1. Муборизаи оддии зидди касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо. 10

3.2. Аз таҷрибаи мардумӣ оиди шинондани ҷормағз 12

3.3. Аз таҷрибаи донишманди мардумӣ – дар як танаи дарахти себ пайванд намудани чанд навъи себ 13

3.4. Аз таҷрибаи пайванди нок дар дарахти дулона. 13

3.5. Аз таҷрибаи ахтакунии сунатии чорво. 14

3.6. Кишти картошка бо омехтаи порўи пўсида. 14

3.7. Аз таҷрибаи нигоҳдории зироатҳои кишоварзӣ. 14

3.8.Аз таҷрибаи нигоҳдории навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ташкили музей дар деҳот. 15

3.9. Аз таҷрибаи дар як ҳавоза парвариш намудани ангур ва каду. 15

3.10. Аз таҷрибаи дар як замин, дар як вақт рўёнидани ҳосили чанд зироат 16

3.11. Аз таҷрибаи тайёр намудан ва истифодаи сабад дар деҳот 17

3.12. Аз таҷрибаи пўхтани нонҳои гуногун дар деҳот. 17

3.13. Аз таҷрибаи тайёр намудани маводи табобатии «қиёми зирк». 18

4.14. Аз таҷрибаи тайёр намудани ширинӣ. 18

4. ЗИРОАТҲОИ МАҲАЛИРО БОЯД ҲИФЗ НАМУД. 18


АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА: 22

САРСУХАН

Аз қадимулайём инсоният баҳри рўзгузаронӣ асосан аз захираҳои табиӣ истифода бурдааст. Вале бо мурури афзоиш ёфтани миқдори одамон дар кураи Замин албатта талаботҳои моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавии одамон низ зиёд гаштанд, ки ин низ оҳиста- оҳиста ба кам гаштани захираҳои табии Замин оварда расонид. Масалан, ҳоло миқдори истеҳсоли нафт, ангиштсанг, маводҳои аз ҷангалҳо ба даст овардашаванда, обҳои нўшокиву обиёрикунада ва дигар захираҳо ниҳоят бо суръати баланд дар сайёра кам гашта истодаанд. Аз тарафи дигар аз сабаби дар мамлакатҳои тарақикардаи олам, ба монанди Амрико, Хитой, Руссия, Ҳиндустон ва ғайраҳо афзудани миқдори заводҳо, фабрикаҳо, автомобилҳо, киштиҳо, тайёраҳо (самолётҳо), корхонаҳои саноатӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои талаботи одамон боиси зиёд гаштани гази карбон дар қабати болои атмосфера ва сол аз сол ғализ гаштани муҳити зист ва тағиёбии иқлими сайёра гаштааст. Яъне инсон ҳамчун омили таъсиркунандаи антропогенӣ дар натиҷаи фаъолиятҳои гуногуни хеш ба табиат ва муҳити зист таъсири манфӣ расонид, ки ин билохира ба зиёдшавии гази карбон ва дигар газҳо дар қабати атмосфераи Замин оварда расонид. Умуман дар давоми асри XX ва 9 соли сипаригаштаи асри XXI дар сайёра миқдори газҳои ихроҷшуда ба осмон хело афзуд, ки дар натиҷа ҳарорати кураи Замин низ хело баланд гардид. Ҳоло аз сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар сайёра, кам гаштани миқдор ва майдони пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаҳои табии оби ошомиданӣ, заиф гаштани саломатии одамон, аз байн рафтани миқдори зиёди навъу намудҳои наботот ва ҷинсҳои ҳайвонот ва дигар мушкилотҳои экологӣ дар табиат мушоҳида мегарданд.

Ин нишонаҳои харобшавии муҳити зист ва табиат ҳамаи бошандагони сайёраро водор месозад, ки минбаъд дар фаъолиятҳои хеш оиди истифодаи сарватҳои табиат ва захираҳои он боэҳтиёт бошанд ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои душвор талош варзанд. Пеш аз ҳама одамон бояд ба ҳарчӣ кам хориҷ гаштани гази карбон дар оянда диққати махсус диҳанд. Ҳар як шахс метавонад, ки бо роҳи дуруст дарк намудани ин мушкилиҳо каме бошад, ҳам ба табиат ва муҳити зист таъсири мусбӣ расонад. Масалан, бо роҳи кам буридани дарахтон ва афзоиш додани майдони ҷангалзору дарахтон мо метавонем, ки ба муҳити атрофи деҳаамон, бо роҳи истифодаи оқилонаи зироатчигии органикӣ ҳосилхезии заминро ва дар натиҷаи босамар истифодабарии об эрозияи замиро дар кишоварзӣ нигоҳ дорем. Яъне дар оянда мо чи тавр ба муҳити моро фарогиранда муносибат менамоем, чи тавр мо аз захираҳои табӣ сарфаю сариштакорона истифода мебарем, ҳамон қадар наслҳои оянда метавонанд осудаҳол ва чунин мушкилиҳои экологиро кам ҳис намоянд.

Дар муддати солҳои тулонӣ падарону бобоҳои мо дар натиҷаи истифодабарии таҷрибаи андўхтаи хеш, яъне донишҳои суннатии қадимаи мардумӣ ба фарзандони хеш, ба наслҳои хеш таҷрибаи рўзгузарониро мерос мондаанд. Ва дар ин раванд асосгузори адабиёти классики тоҷик Абу Абдулло Рўдакӣ чунин фармудааст:

Ҳар ки наомўхт аз гузашти рўзгор,

Ҳеҷ наомўзад зи ҳеҷ омўзгор.

Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,

Ки баҳри даъфи ҳаводис туро ояд ба кор.

Чунин донишҳои мардумӣ масалан, аз қабили усулҳои хонасозӣ, истифодаи оқилонаи замину об, пайвандзанӣ ва афзоиши дарахтону зироатҳо, навъбарорӣ ва тухмипарварии мардумӣ, ба даст овардани ҷинсҳои сермаҳсули чорвою парранда, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулот ва ғайраҳо дар муддатҳои таърихи тўлонӣ андўхта шудаанд. Имрўз ин донишҳо барои наслҳои оянда низ заруранд ва мо бояд роҳу усулҳои нигоҳ ва ҳифз намудани ин донишҳои суннатиро барои наслҳои оянда қавӣ ва устувор гардонем.

Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, пеш аз ҳама навъҳои маҳалӣ ва суннатие (бобогие), ки онҳо аз аҷдодони гузашта ба мо мерос мондаанд, ҳамагон онҳоро дар оянда бояд ҳифз намуда, афзоиш ва зиёд гардонанд. Бояд қайд намуд, ки аксари навъҳои маҳалии дарахтону зироатҳои кишоварзӣ ба касалиҳо ва ба хушкӣ тобовар буда, сифати баланди таъму ғизогӣ дошта, хусусияти махсуси хосаи агроэколгияи ин ё он маҳалро соҳибанд. Аз тарафи дигар мардуми маҳал низ дар муддати тулонӣ ба меваю маводи ин навъҳои маҳалӣ одат кардааст ва онҳо ғизои аввалини давраи дурру дарози мардуми маҳал ба шумор мерафтанд. Вале, солҳои охир аз сабаби кам гаштани ғамхорӣ нисбати ин навъу намудҳои гуногуни маҳалӣ, аллакай як қисми онҳо талаф ёфтаанд. Аз ин лиҳоз нигоҳ доштани навъҳои нодири маҳалӣ дар оянда метавонад, дар таъмини бехатарии озўқаворӣ дар мамлакат саҳми арзанда дошта бошад.

Ба ҳамин тариқ дар оянда тақвият бахшидани донишҳои мардумӣ ва ҳифз намудани навъҳои маҳалӣ дар соҳаи кишоврзӣ метавонад ҳамчун яке аз омилҳои муҳими мутобиқшавии мардуми маҳал дар рафъи таъсири манфии омилҳои глобалӣ, аз қабили камбизоатӣ, нарасидани маводи ғӣзоӣ ва тағирёбии боду ҳаво кўмаки хешро расонад.

1. МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ОИДИ ЭТНОБИОЛОГИЯ

Дар муддати рўзҳои 21-25 моҳи июли соли 2008 бо дастгирии Фонди Кристенсен дар Қирғизистон машварати байналмилалии омўзиши усулҳои этнобиологӣ дар гузаронидани корҳои тадқиқотӣ- илмӣ щуда гузашт.

Дар кори ин машварат 20 нафар олимони Қирғизистон, Тоҷикистон, Амрико ва Англия иштирок намуданд. Машварат дар лаби кули зебоманзари «Исық-Кул» барпо гардид.
Бояд қайд намуд, ки кули «Исық-Кул» яке аз ҷойҳои асосии истироҳатӣ- фароғатии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳисоб меравад ва ҳар сол ба ин ҷо ҳазорҳо одамону сайёҳон, истироҳаткунандагон омада, дам гирифта, бо худ як ҷаҳон фароғату ҳаловатро мебаранд. Дарозии ин кули нотакрор 170 км ва бараш то 80 км тул кашидааст ва чуқурии он дар баъзе ҷойҳо ба зиёда аз 800 метр мерасад. Дар тамоми лабҳои ин кули зебоманзар одамон дар оби шаффоф, офтоби заррин ва қуми лаби он саломатаашонро барқарор менамоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин машварати омўзиши Ҷумабой Шоҳмуродов – роҳбари барномаи Фонди Крисченсен дар Тоҷикистон, Муҳаббатхон Мамадалиева – роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Зан ва Замин», Акбар Маҳмадризохонов – декани факултаи биологияи Университети давлатии ба номи М. Назаршоеви шаҳри Хоруғ, Аловиддин Бойматов – роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Эко Агро» ва банда – роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт», ки дар асоси озмун интихоб гашта буданд, иштирок ва баромад намуданд.

Мавзўҳои асосии ин машварат доир ба усулҳои этнобиологии омўзиши гуногунии биологӣ, донишҳои мардумӣ доир ба кишоварзӣ ва усулҳои истифодаи алафҳои табобатӣ ба шумор мерафтанд. Дар кори машварат омўзгорони таҷрибанок аз Амрико ва Англия – Гэри Мартин ва Эрин Смит дарсҳоро тибқи барнома гузарониданд. Яъне ин таҷрибаҳо ва корҳои илмӣ- тадқиқотие мебошанд, ки онҳо пеш аз ҳама дар асоси истифодабарии донишҳои мардумӣ, сунатӣ ва қадимае, ки аҳолии ин ё он деҳа, деҳот, ноҳия ва ё ин ки минтақа аз қадим онро истифода мебурданд ба шумор мераванд.

Чи тавре ки омўзгорони машварат қайд намуданд, калимаи «этно» – калимаи лотинӣ буда, маънои маҳалӣ ва мардумиро ифода намуда, донишҳои этнобиологӣ – ин донишҳое ба шумор мераванд, ки онҳо дар асоси таҷриба, малака ва таҷрибаи мардуми ин ё он маҳал ба даст оварда мешаванд.

Масалан, номҳои гуногуни гузошташудаи ин ё он навъҳои дарахтони мевадиҳанда, зироатҳои ғалладонагиҳо, зироатҳои хўроки чорво, касбу ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, таомҳои миллӣ ва ғайраву ҳоказо аз қабили фаҳмиши маҳалӣ бармеоянд, ки онҳоро дар шароити ҳозира дар маҷмўъ этно яъне маҳалӣ меноманд.

Чунин тарзи гузаронидани таҷрибаҳои тадқиқотӣ, ки аз лаҳҷа ва дониши мардуми маҳал асос мегиранд, албатта ҳолати реалии чунин донишҳоро инъикос карда метавонанд ва барои истифодабарии онҳо дар маҳал мувофиқ мебошанд.

Инчунин дар рафти омўзишҳо таъқид бар он равона карда шуд, ки бояд таҷриба ва донишҳои ҷамъовардашудаи мардумӣ дар охирон бо ҳамроҳии олимони соҳаҳои мухталиф аз ҷиҳати навиштаҷот ва нишондодҳои чунин таҷрибаву донишҳои пажужишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотӣ низ муқоиса ва санҷида шаванд.

Аз қадимулаём тоҷикон ва қирғизон дар ҳамсоягии хеш хушу хурсандона зиндагӣ намуданд ва дар зиндагии хеш аз таҷрибаи бойи ҳамдигар истифода бурдаанд. Махсусан, мардуми қирғиз дар чорводорӣ таҷрибаи бой доштанд вале тоҷикон бошанд дар зироатчигӣ ва боғдорӣ маҳорати калонро соҳиб гаштанд. Бинобар ин ин ду халқ аз қадим таҷрибаи ҳамдигарро дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ аз ҳамдигар омўхтаанд ва бо ёрии ҳамдигар онҳоро сайқал додаанд.

Дар раванди машварат олимону мутахассисони тоҷик бештар дар бораи гуногунии зироатҳои қадимаи сунатии Тоҷикистон ва олимони қирғиз бошанд дар бораи истифодабарии донишҳои суннатӣ дар ҳалу васл намудани нофаҳмиҳои доир ба истифодабарии чарогоҳҳо, ки баъди пош хўрдани Иттифоқ дар маҳалҳо ҷой доштанд изҳори ақида карданд.

Инчунин чи тавре, ки дар машварат қайд гардид, инсоният дар муддати ҳазорсолаҳо дар ҳолати умр бурдан дар шароитҳои мушкили агроэкологӣ ва географӣ аз авлод ба авлод донишу таҷрибаи ғункардаашро гузаронид ва бо ин роҳ барои инкишофи муносибатҳои инсону табиат заминаи амалӣ муҳаё сохт. Вале дар садсолаи охир маълум гашт, ки бе тағир додани муносибати инсон ба табиат наметавон чунин масъалаҳои глобалӣ, ба монанди баланд гаштани ҳарорати сайёра, кам гаштани манбаъҳои оби нушокӣ ва гуногунии биологии оламро ҳал намуд.

Бинобар ин дар шароити мураккабу тез тағирёбандаи ҳаёти имрўза бояд тамоми таҷриба ва малакаи сунатии инсоният аз нав эҳё гардад, то ин ки хатарҳои умумибашарӣ паст ва пешгирӣ карда шаванд. Дар ин самтҳо албатта халқҳои тоҷику қирғиз низ таҷрибаҳои хуби бобоӣ ва мардуми қадимаро доранд ва метавон онҳоро аз нав зинда ва эҳё сохт.

Дар ин ҷодда иштирокчиёни ин машварат қайд намуданд, ки дар оянда барои мустаҳкам намудани ҳамкории олимону тадқиқотчиёни ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Тоҷикистон шароитҳои хуби эҷодӣ арзи вуҷуд доранд ва онҳоро бояд минбаъд бояд сайқал ва васеъ паҳн намуд.

2. ОМЎЗИШИ ДОНИШҲОИ МАРУДМӣ

Дар тўли ду ҳафта дар осоишгоҳи Хоҷа- Оби Гарм як гурўҳ деҳқонони ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод ва Ҳамадонӣ дар баробари истироҳату барқарор намудани ҳолати саломатии хеш, инчунин ба омўзиши донишҳои мардумӣ дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, аз он ҷумла боғдорӣ, ниҳолправарӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ машғул буданд. Яъне онҳо истироҳатро бо омўзиши донишҳои андўхтаашон дар нигоҳдории таҷрибаву ҳунари волои хеш оиди таҷрибаашон ва фаҳмондани он ба дигарон кушиш ба харҷ дода, инчунин аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гаштанд. Миқдори умумии истироҳаткунандагону таҷрибаомўзон зиёда аз 70 нафарро ташил дода, қисми зиёди онҳоро занҳои дар кишоварзӣ таҷрибадор ташкил медоданд. Ташаббуси ин донандагони донишҳои мардумиро дар ин осоишгоҳ ҷамъ оварда, шароити омўзушу дамгирии онҳоро Ташкилоти Ҷамъиятии (ТҶ) «Зан ва Замин, ки дар ҳудуди ин ноҳияҳо корҳои ҷоннок намудани таҷрибаву малакаи бобоиро дар самти нигоҳдории гуногунии биологӣ, алалхусус дар бахши кишоварзӣ, ки аз соли 2007 инҷониб гузаронида истодааст, ба ўҳда дошта, ин чорабиниҳоро ба дастгирии Ташкилоти Байналмилаии Кристенсен Фонди Амрико ба ҷо овард. Дар ин ҷо инчунин намояндагону мутахассисони ташкилотҳои ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт», (Партоев Қ.) «Раъно» (БутаеваЎ.) «Мадад» (Баротов Г.), «Ганҷи табиат» (Бобоев Т.) ва дигарон иштирок намуданд. Дар раванди ин таҷрибаомўзӣ ва омўзишҳо директори боғи ботанкии Кўлоби вилояти Хатлон, номзади илмҳои биологӣ, устод Ҳоҷӣ Тилло Бобоев, роҳбари минтақавии Ташкилоти Байналмилаии Кристенсен Фонд Ҷумабой Шомуродов, директории хоҷагии ҷангали ноҳияи Мўъминобод Доуд Идиев ва омўзгорон аз шаҳри Душанбе Шаъмигул Аминова, Ситам Муҳиддинов, Моҳитобон Андалебова, Матлуба Дадабаева ва дигарон ширкат варзиданд. Омўзгорон ба донандагони донишҳои мардумии аз деҳоти дурдасти мамлакат омада, оиди муккамал сохтани донишҳои онҳо дар бахши кишоварзӣ, гузаронидани дарсҳои омўзишӣ ба шогирдон, сабт ва истифодабарии техникаи банаворгирӣ дар маҳал ва чораҳои тақвият бахшидани малака ва донишҳо оиди тиҷорату савдо дар кишоварзӣ (агробизнес) ва дигар мавзўҳои зарурӣ машғулятҳои муфидро гузарониданд. Бояд қайд намуд, ки ба ҳозирин махсусан нақлҳои деҳқони кўҳансоли деҳаи «Деҳлоло»-и ноҳияи Мўъминобод Нуралӣ Алиев оиди нозукиҳои пайванд намудани ниҳолҳои себу нок зардолуву гелос туту олуҳои маҳалӣ барои ҳамкасбонаш, ки аз дигар ноҳияҳо омада будан хело диққатҷалбкунанда буданд. Бобои Абдуалим Раҷабов бошанд, ки ҳоло зиёда аз 70 сол умр доранду аз деҳаи «Дараи Мухтор»- и ноҳияи Ховалинг омада буданд ба ҳозирин оиди аз айёми ҷавониаш ба омўзиши касби бобогии пайвандзании дарахтон меҳрашон ниҳоят баланд доштанаш, ба ҳозирин оиди то имрўз даҳҳо навъҳои нодири маҳалии дарахтони гуногуни мевадиҳандаро зиёд намуда, нигоҳ доштанаш нақлҳои аҷоиб намуданд, ки шунанвандагон аз ин нақлҳо донишҳояшонро аз ин хело афзун намуданд.

Ширкаткунандагони омўзишҳо аз қабили занҳои деҳот махсусан дар бораи солҳои тўлонӣ нигоҳ доштану афзун намудани навъҳои маҳалии гандуму, лубиё, боқлеву наск, кадуву полезиҳо, нахўду зағир нақлҳои аҷоибу ғароиб карданд. Инчунин аз нақли зани таҷрибанок аз деҳоти «Чубек»-и ноҳияи Ҳамадонӣ – Кайбону Бобоева, ки аз айёми хурдсолии хеш ҳунари бобогии пайвандзаниро аз падараш аз худ намуда буд, дар чандин мусобиқаҳои доиргашта ҷои аввалинро ишғол намудааст, ба ҳозирин хело писанд омад. Шавҳари вай бошад Раҷабалӣ Каримов ҳатто дар давраи Шўравӣ дар шаҳри Маскав дар мусобиқаи умумииттифоқӣ оиди пайвандзанӣ, бо чолокиву сифати баланд гузаронидани ин ҳунари мардумӣ сазовори ҷои якум ва ҷозибаи ин чорабинӣ гашта буд.

Директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Мўъминобод Доуд Идиев ба ҳозирин оиди сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ва имсол дар майдони 2 га ташкил намудани ниҳолхона баҳри дар оянда афзун гардонидани навъҳои маҳалии себу нок, гелосу тутҳои маҳалӣ гуфта гузаштанд. Махсусан, нақли вай оиди оне, ки соли гузашта аз ноҳияи Бохтар таклиф карда овардани Бобои Холу се духтари вай ва дар як як ҳафта гузаронидани пайванди бештар аз 7 ҳазор ниҳолҳо боиси ифтихору аз меҳнатқарини зану мардуми деҳот далолат намуд. Албатта ин касб ва малакаи ҳунари мардумӣ аз авлоду гузаштагони онҳо вобастагии калон дошт. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки наслҳои ҷавон дар оянда бояд ин ҳунарҳои мардумиро ва навъҳои нодиру нотакрори бобогиро бояд омўзанд ва нигоҳ доранд. Чунки падарону бобоҳои мо дар вақту даврони хеш чи қадар заҳмат кашида, ин навъҳои нодирро ба даст оварда, то ба имрўз онҳоро расонидаанд ва месазад, ки ин анъанаи меҳнатдўстиву донишҳои мардумӣ ва навъҳои нодирро барои наслҳои оянда бояд нигоҳ ва ҳифз намуд. Дар гузаронидани омўзишҳо ва соҳиби таҷрибаи калон будани занҳои деҳот ба монанди Саъбагул Фатҳуддинова, Зикамоҳ Билолова ва Ҷамолбӣ Гулова аз ноҳияи Ховалинг дар иваз намудани таҷрибаву малакаҳои омўхтаашон нисбат ба ҳамкасбҳояшон хело фаъол буданд. Донандагони донишҳои мардумӣ аз деҳаи «Деҳлоло»-и ноҳияи Мўъминобод зану шавҳар Сумбулбӣ Раҷабова ва Назримат Сафаров дар нигоҳ доштани донишҳои мардумӣ оиди намуду навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себу нок, туту гелос, олуву зардолу, чормағзу ангур ба истироҳаткунандагон як ҳаловати беҳамто бахшид. Чунки аз нақли онҳо маълум гашт, ки онҳо дар заминҳои доштаашон аз ҳамдигар ҷудо ҷудо боғ карда, ҳарду ба худ муносибу ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи дилҷасбиашонро афзоиш медиҳанд. Чи тавре, ки апаи Сумбулбӣ ба ҳозирин нақл намуд, аз донаки зардолуе ки вай шинонида буд, ниҳол баромада дар муддати тўлонӣ мева намедод. Як баҳор шавҳараш акаи Назримат табарро гирифта, ба назди ҳамон дарахти заролу омаду ба ҳамсараш гуфт, ки «ин зардолуе, ки азизам шинонда сабз кардаӣ ин «нарзардолу» аст, он ҳосил намедиҳад, бинобар ин ман вайро мебўрам». Дар ҷавоб ҳамсараш гуфтааст, ки «як соли дигар нигоҳ кунем, агар мева надиҳад, баъд онро майлаш бўред». Вале, ҳамон сол ва солҳои оянда ин дарахт ҳар сол меваи бисёрро ба овор овардааст. Аҷоиботи ин кору кашфиёти апаи Сумбулбӣ дар он зоҳир гашт, ки ин дарахти нодири зардолу ҳар сол баъди гузаштани давраи боронҳои баҳорӣ хело дер гул мекунаду ҳар сол меваи бисёр ба бор оварда, дар охири фасли тирамоҳ мевааш пўхта, коми соҳибону аҳли деҳаро ширинком мегардонад.

Бояд қайд намуд, ки худи табиат ихтироъкор аст ва ба мо лозим аст, ки аз ин накўкории табиат истифода бурда, навъу намудҳои нодиру камёфте ки дар сарзамини ватани маҳбубамон пайдо гаштаанд бояд онҳоро масли гавҳараки чашм баҳри наслу авлодҳои оянда нигоҳ дорем!

Ба ҳамин тариқ дар осоишгоҳи Хоҷа – Оби Гарм доир гаштани чунин омезиши истироҳату омўзиши донишҳои мардумӣ ба саломативу таҷрибаи донандагони ин малакаҳои илми деҳқонӣ ба онҳо як олам ҳаловат бахшида, дар оянда дар кору фаъолияти онҳо кўмаки зиёд хоҳад намуд. Махсусан, дар баъзе аз шабнишиниҳо бо хоҳиши истироҳаткунандагон меҳмон шудани ҳунармандони мардумии Тоҷикистон аз қабили ширинкомҳои писандидаи мардумӣ аз дастаи «Лаҳзаҳои Гуворо» ба хурсандиву саломатии онҳо тақвияту тасалияти беҳамто бахшид.

3. МАЪЛУМОТҲО ОИДИ БАЪЗЕ АЗ ДОНИШҲОИ МАРДУМӣ

3.1. Муборизаи оддии зидди касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо

Имрўзҳо аз сабаби дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол нагаштани бисёре аз заҳрҳои зидди касалиҳои растаниҳо ва ҳайвонот, ин маводҳои зарурии соҳаи кишоварзӣ аз беруни мамлакат ворид гардонида мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳ заҳрҳои воридгашта аз сабаби паст будани сифати химявии онҳо дар несту нобуд сохтани ҳашароту касалиҳо ба кишоварзон кўмаки амалӣ намерасонанд. Аз тарафи дигар бисёр сармоягузорон ва тоҷирони заҳрҳоро ворид кунанда, аз пушти ба даст даровардани даромади хеш, фоидаву зарари деҳқононро ба инобат нагирифта, ба заҳрхимикатҳо равғанҳои молиданӣ, об, киросину солярка ва дигар маводҳои нолозимаро омехта карда, дар бозору дигар ҷойҳо ба фурўш мебароранд, ки ин дар бисёр ҳолатҳо кори деҳқони саҳроро хело мушкил гардонада, боиси сарфи бефоида аз тарафи ў мегардад.

Дар солҳои вуҷудияти сохтори Шўравӣ ин корҳо зери назорати қатъии давлату ҳукумат қарор доштанд, ташкилоти ба ин чорабиниҳо вобаста гашта – "Селхозхимия" тамоми заҳрҳоро назорат карда, миқдори сарфи онҳоро барои тамоми навъҳои кишту кор шаванада тавсия медод ва кўмаки амалӣ низ мерасонид. Ба ҳамин монанд идораи мушкилкушои деҳқон – "Селхозтехника" низ барои хизмати техникиро дар хоҷагиҳо гузаронидан доимо омода буд. Вале имрўз ин сохторҳо аз байн рафтаанд.

Ҳоло бошад ширкатҳои пуриқтидоре, ки ин корҳоро баҷо оранд ҳоло дар ҷомеа устувор нагаштаанд. Бинобар ин дар чунин ҳолат мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва таҷрибаи баъзе аз деҳқонон собит сохтааст, ки барои пешгирӣ намудани хафу хатари бисёре аз касалиҳо ва зараррасонҳои соҳаи растаниправариро метавон бо истифодабарии тавсияҳои дар поён оврда шуда хело кам намуд. Дар ин ҷода мо ба эшон баъзе аз маслиҳатҳои муфидро пешкаш намудани ҳастем ва ин маҳлуле, ки барои коркарди растаниҳо ва дарахтон метавонад истифода гардад, онро маҳлули кории деҳқон ном гузоштем. Барои тайёр намудани ин маҳлули корӣ дар 10 литр об бояд 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шуда, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамокуи носӣ, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сармисоқ (чеснок)-и майдакардашуда, як-ду дона қаламфури майда карда шуда ҳамроҳ кардан лозим аст. Ин маҳлули кориро бояд дар муддати 3–4 рўз дар соя нигоҳ дошт. Баъд аз ин онро аз дока гузаронида, ба он дар рўзи истифодабар пеш аз ба растаниҳо пошидан ба миқдори 100–150 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20–30 грамм собун ё ин ки айна ҳамроҳ карда, нағз маҳлул намудан лозим аст.

Аз сабаби оне, ки дар таркиби ин маҳлул аз қабили моддаҳои органикӣ ба шакли фитонсидҳо, эфирҳо, ишқорҳо ва ғайраҳо мавҷуданд, онҳо дар якҷоягӣ бо заҳрҳои химиявӣ метавонанд барои нест сохтани замбурғҳо ва дигар микроорганизмҳои зараррасоне, ки дар баргу пояи растанӣ зиндагӣ мекунанд таъсири мусбат расонда, онҳоро нест созад. Аз тарафи дигар дар таркиби ин маҳлул мавҷуд будани моддаҳои ғизоии барои растаниҳо зарур, ба мисли нитроген, фосфор ва калий барои растаниҳо аҳамияти калон доранд. Чунки ин элементҳои химиявӣ инчунин ба воситаи бофтаю ҳуҷайраҳои барг низ ҷабида гашта, барои ба касалиҳо табовар гаштани онҳо кўмак мерасонад.

Инчунин пеш аз истифодабарии ин маҳлул барои фоиданок гаштанаш ба он ҳамроҳ намудани 10–15 грамм аз қабили заҳрҳои таъсирашон системагӣ, ба монанди нурелл-де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин барои нест сохтани ҳашаротҳои хоянда ва маканда низ аҳамияти калон дорад (агар ин заҳрҳо аниқ ва пайдо шаванд). Дар ин маҳлул инчунин метавон дар рўзи истифодабарии ин маҳлул, заҳрҳои кимиёвиро аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраро бо сарфи 20–30 грамм ба муқобили касалиҳои замбуруғии пиёз, помидор, картошка, зироатҳои полизӣ ва дигар сабзавотҳо истифода намуд.

Бартарии ин маҳлули мураккаб дар он аст, ки бо ёрии вай дар як вақт ҳам ба муқобили касалиҳо ва ҳам ба муқобили ҳашаротҳо мубориза бурдан мумкин аст. Сарфи маҳлули корӣ дар як сотихи замин 6 литр ва дар як гектар 600 литрро ташкил медиҳад. Ин маҳлулро бегоҳӣ баъди ғуруби офтоб, соатҳои 18–20-и вақти маҳалӣ пошидан зарур аст. Ин маҳлули тайёркардашударо деҳқонон метовонанд, ки бо ёрии дорупошакҳои дастӣ ё ин ки бо ҷоруб (агар қитъаи замин он қадар калон набошад) ба растаниҳо пошанд.

Дар вақти истифодабарии дорупошакҳо маҳлулро боз як бори дигар бо ёрии дока тоза намудан лозим аст.

Чизи дигаре, ки хело муҳим мебошад ин се- чор маротиба пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо мебошад. Коркарди якуми ниҳолҳоро дар вақте, ки растаниҳо 2–3 барги ҳақиқӣ пайдо менамоянд, бояд гузаронида шавад. Яъне як хҳафта баъд аз зери хок баромадани растаниҳои аз тухум шинонида шуда. Ба кучатҳои зироатҳо бошад баъди 10-15 рўзи ба замин гузаронидани ниҳолҳо тавсия карда мешавад. Коркарди дуюми растаниҳоро бо ин маҳлул баъди 10 –12 рўзи коркарди якум гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюму чорумро боз баъди 10–12 рўзи фосилаи вақт аз ҳамдигар гузаронидан лозим аст.

Ин маҳлули кории деҳқон барои пурқувват гардонидани иммунитети растаниҳо ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳо аҳамияти калон дошта, аз тарафи худи деҳқонон бо харҷи кам ба даст оварда мешавад. Фақат каме дилчаспии эшон ва ҳавсалаи сари вақтии тайёр намудану гузаронидани ин чорабиниҳои зарурӣ баҳри пешгирӣ намудани паҳншавии касалиҳо ва зараррасонҳо дар киштзор лозим аст.

3.2. Аз таҷрибаи мардумӣ оиди шинондани ҷормағз

Донишманди мардумӣ Шералӣ Бобокалонов аз деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода ба мо нақл намуданд, ки «…ин таҷлибаро ман аз падарам, ки он вақт 15 сола будам, дидам ва омўхтам. Ин таҷриба чунин аст – дар як чуқурие (лона), ки баои шинондани чормағз карда мешавад, ки вай тахминан 15 см чуқурӣ дорад аз тирамоҳ 4 донаи чормағзро болои ҳам гузошта, болояшонро бо порўи пўсида пўшонида мемонем. Баҳор аз ин чор дона чормағз ниҳолҳо неш мезананд. Вақте, ки ин ниҳолҳои нав аз зери хок баромада, дарозиашон то 15-20 см мегардад, ҳамаашонро якҷоя бо ҳам печонида мемонем. Дар ин ҳолат аз ин чор дона ниҳолҳо бо ҳам печида як танаи ғафсро ташкил медиҳанд. Ва дар оянда аз онҳо дарахти боҳашамати чормағзи серҳосил парвариш меёбад. Ман ҳоло 80 сола мебошам ва ин таҷрибаро чандин маротиба такрор карда дидам ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардам».

3.3. Аз таҷрибаи донишманди мардумӣ – дар як танаи дарахти себ пайванд намудани чанд навъи себ

Муҳабат Абдурахимов аз деҳаи «Сари Кенҷа»-и ноҳияи Ҷиргатол, 65 сола.« Манн ин таҷрибаи қадимаро 50 сол пеш аз падарам омўхтам, ки вай аз чунин чорабиниҳо иборат мебошад: авали баҳор ман навдаҳои пайвандшавандаи чанд навъи себро гирифта, аз истифодабарии пайвандкунии намуди исканапайванд ё ин ки кундапайвандро истифода бурда, ин навдаҳоро дар танаи як дарахт пайванд менамоям. Дар натиҷа манн дар танаи як драхт 3-4 навъро пайванд менамоям ва вақте, ки мебинам, ки дар баҳорон як дарахт чанд намуди гулу ва чанд намуди мева медиҳад, ман хело хушҳол мегардам. Меваҳои ин дарахт ҳам дар вақтҳои гуногун пўхта, имконияти тамоми сол меваи себ доштанро мусоидат менамоянд. Дар ҳавлиам ман чунин дарахтони чандбараро хеле бисёр парвариш кардам ва ин таҷрибаамро ба фарзандонам ва ҷавонон омўзондаам».


3.4. Аз таҷрибаи пайванди нок дар дарахти дулона

Ғайратшо Маҳмадшоев – сокини деҳаи «Поҷеи поёнии, ноҳияи Рашт мегўяд,ки «ман ин таҷрибаро худам санҷидам ва ба ман муяссар гашт, ки дарахти тухмакдори ноки маҳалиро дар дарахти донакдори дулона бо истифодабарии намуди пайвандкунии исканапайванд гузаронам. Ин таҷрибаро ман барои он гузаронидам, то он ки бинам, ки чи тавр тухмакдорон ба донакдорон пайванд карда мешаванд. Инчунин ман нокро ба дарахти ҷангалии хор пайванд намудам. Мақсади ман дар ин таҷрибаҳоям ин баланд бардоштани тобоварии дарахти нокро ба хушксолӣ мутобиқат сохтан мебошад. Чунки такпаййвандоне, ки ман истифода бурдам, ба хушксолӣ хеле устуворанд. Дарахтони пайвандии манн ҳоло хуб нашъу намо доранд».

3.5. Аз таҷрибаи ахтакунии сунъии чорво.

Ин таҷрибаи сунатии ахтакунии чорворо сокини 80 солаи деҳаи «Қашқараҳа»-и ноҳияи Файзобод Раҷаб Худоёров мебошад. «Ман ин таҷрибаи нодирро аз падарм омўхтаам, мегўяд ин донишмандии мардумӣ. Ин таҷриба ба он асос ёфтааст, к ибо роҳи дастӣ бо як чолокӣ дастӣ кандани раги лўфтароҳ мебошад. Дар натиҷаи чунин таҷриба, мо метавонем, ки бе сарфи зиёдатӣ ва бе истифодабарии моддаҳои кимиёвию асбобҳои бойтории ахтакунӣ ба осонӣ ахтакунии пеш аз ҳама гўсфандону бузҳо ва дигар намуди чорворо гузаронем. Ин бисёр таҷриба оддӣ буда, ба саломатии чорвои ахташаванда ягон таъсири бад нарасонида, ҳамаи саршумори чорво саломат монда, давраи фарбеҳшавии онҳо хело пурмаҳсул мегардад. Ман аз ин таҷабаи доштаам ҳар сол даромади хуб ба даст меорам. Ман ин таҷриабаи хешро ба як писарам, ки вай 50 сола мебошад, омўзондам ва ў низ дар ин ҷодда хело таҷрибанок гаштааст, ки ин ба ман илҳом мебахшад».

3.6. Кишти картошка бо омехтаи порўи пўсида

Картошка зироати асосии хўрокӣ ҳисобида мешавад. Аз лундаҳои картошка бештар аз 200 намуди таомҳо тайёр менамоянд. Барои ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат яке аз чорабииҳои асосӣ – ин кишти омехтаи лундаҳо бо порўи пўсидаи органикӣ мебошад. Барои ин дар байни ҷўйякҳои тайёр карда шуда, ки дар онҳо лундаҳои картошка бояд шинонда шаванд, порўи пўсидаро бо омехтагии баргу коҳҳои пўсида ва хокистарро ҷой карда, баъд лундаҳои тухмии картошкаро дар болои ин маводҳои андохташуда гузошта мешаванд ва дар чуқурии 6-8 см зери хок гардонида мешаванд. Ин чорабинӣ боиси хеле баланд гаштани ҳосилнокии ин зироат мегардад.

3.7. Аз таҷрибаи нигоҳдории зироатҳои кишоварзӣ.

Дар деҳаи «Вешаб»- и ноҳияи Айнӣ деҳқони асилу таҷрибаноки 80 сола Каримов Зоид аз соли 1979 боз ин ҷониб ба ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани тузмиҳои зироатҳои кишоварзӣ банд мебошад. «Ман дар хонам тухмӣ ва сархушаҳои ғалладонагиҳо, лубиёгиҳҳо, зироатҳои хўроки чорво ва дигар зироатҳои кишоварзиро дар маҷмўъ беш аз 38 навъҳоро ҷамъ оварда нигоҳ медорам. Ин коллесияи ҷамъовардаи ман дар шароити деҳоти кўҳистон дар оянда метавонад ҳамчун манбаи генетикӣ истифода гардад».

3.8.Аз таҷрибаи нигоҳдории навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ташкили музей дар деҳот.

Дар деҳаи «Ҷафр»-и ноҳияи Рашт олим - деҳқони асили деҳотӣ Мирзошо Акобиров иқомат намуда, ба ҷаъмоварӣ ва афзун намудани дарахтони мевадиҳанда солҳои тулонӣ боз машғул мебошад. «Ман зиёда аз 20 сол аст, ки ба ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани чизҳои қадимаи таърихии раштонзамин банд мебошам. Ҳоло дар хонаам як музейро таъсис додам, ки дар он ҷо зиёда аз 20 номгўйи чизҳои қадимаи водиро ҷамъ оварда нигоҳ медорам. Инчунин ман бо фарзандонам дар ин ҷо боғи модарии беш аз 20 навъҳои маҳалии себ, 5 навъи нок, 3 навъи чормағз ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафканро парвариш менамоям. Дар ин қитъаи боғи мадории дарахтони мевадиҳанда, ман намудҳои гуногуни пайванкуниро гузаронида, кушиш менамоям, ки навъҳои нодирро парвариш намуда, афзун намоям».

3.9. Аз таҷрибаи дар як ҳавоза парвариш намудани ангур ва каду


Ин таҷрибаи навин (иновасионӣ) дар деҳаи «Мортеппа»- и ноҳияи Ҳисор аз тарафи деҳқони асилу донишманди мардумӣ Қутбиддин Зокиров гузаронида шудааст. Вай нақл менамояд, ки «… ин таҷрибаро ман дар ҳавлиам, ки дар ин ҷо ҳавоза барои дарахтони ток сохта шудааст (баланиаш 2,5 – 3,5 метр аст) ва асосан мо аз он ҷо ҳар сол ҳосили хуби навъҳои токи «Тойфӣ», «Хусейнӣ», «Ҷавс» ва ғайраҳоро ба даст меорем, санҷида баромадам. Яъне аввали баҳор (моҳи март) ман дар назди танаи дарахтони ток 10-15 кг порўи пўсидаро рехта, баъд назди онҳоро нарм карда, порўи рехтаро таги хок мегардонам. Пас аз он дар назди танаи ҳар дарахти ток, тахминан дар масофаи 20-30 см аз танаи дарахт дуртар 1-2 дона тухми кадуро (моҳи апрел) дар чуқурии 4-6 см таги хок менамоям. Баъди 10-15 рўз тухмҳои шинондаи каду баромада мо онҳоро ба танаи ток мебандем. Ниҳолҳои каду оҳиста- оҳиста калон гашта ба воситаи танаи ток ба болои ҳавоза мерасанд. Дар болои ҳавоза паҳн гашта, гул карда, ҳосил медиҳанд. Бо мурури калон шавии кадуҳо вазнашон зиёд гашта дар ҳавоза кашол мешаванд. Барои он ки думча ё мевабанди онҳо канда нашавад, мо онҳоро дар турхалтаҳои капронӣ ҷой намуда, ба оҳанҳои ҳавоза мебандем (чи тавре, ки дар расм дида мешавад). Мо мушоҳида намудем, ки баргҳои каду ангурро аз касалиҳо эмин дошта, каду низ дар ин баландӣ бо ёрии занбурҳо ва бод нағз бордоршуда, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Мо дар ин сурати якҷоя нашъу намо ёфтани ду намуди растаниҳо – ток ва каду боиси серғизо гаштани хоки назди ток ва аз хушҳавогии болои ҳавоза каду низ истифода бурда, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Месазад, ки ин таҷрибаи навро дар дигар деҳаҳо дар оянда мо низ паҳн намоем».

3.10. Аз таҷрибаи дар як замин, дар як вақт рўёнидани ҳосили чанд зироат

Деҳқони асил аз деҳаи «Наврузбулок» - и ноҳияи Ҳисор Мансур Рахимов 78 сола мебошад. «Ман касби боифтихори деҳқониро аз хурдӣ аз падарм, ки ба деҳқонӣ сару кор доштанд, омўхтам. Падарам бо ёрии чорвои калони шохдор ба монанди барзаговҳо, асп, ва хар аз истифодабарии омочу юғу сипор заминро дар тирамоҳу баҳорон шудгор менамуданд. Он кас дар он вақтҳо дар замини шудгоршуда якбора чанд намуди зироатҳоро кишт менамуданд. Ин таҷрибаи омўхтаамро манн низ дар ҳавлиам истифода мебарам. Масалан, ман дар як замин дар як вақт чунин зироатҳо ва растаниҳоро кишт ва нигоҳу бин менамоям: ток, кунҷит, тарбузу харбуза. Аввал дар замин дарахтони токро бо истифодабарии тартиби кишт – 3Х3 метр шинонда, баъд дар байни қаторҳои токзор кишти кунҷид ват арбузу харбузро мегузаронам. Ин бо ҳам зистии растаниҳои гуногун ба ҳамдигар кўмак намуда, аз ҳар кадоми онҳо ҳосили хуб ба даст меорам. Масалан, соли 2008 як дона тарбузи бо чунин намуди кишт парвариш ёфта 15 кг шуд. Инчунин ман усули бе об парвариш намудани каду, помидор, лубё ва бодирингро санҷида баромадам. Дар ин кор пеш аз ҳама истифодабарии порўи пўсида дар вақти кишти зироатҳо ба манн кўмак мерасонад».

3.11. Аз таҷрибаи тайёр намудан ва истифодаи сабад дар деҳот

Дар деҳаи «Машконак»- и ноҳияи Рашт деҳқони ботаҷриба Абдулвосеъ Абдулов умр ба сар мебарад. Вай нақл менамояд, «… вақте, ки ман 10 сола будам ин намуди ҳунари мардумиро аз мўйсафедони рўзгордидаи деҳаамон Абдул, Резмон, Шариф ва Сайёд омўхтам. Ин асбоби деҳотиён асосан аз навдаҳои ҷавони дарахтони бед, тут, олуча, гелос, санҷид, зардолу ва ғайраҳо бофта мешавад. Барои ин дар фасли баҳор навдаҳоро бурида ду – се рўз дар зери офтоб нигоҳ медоранд ва баъд онҳоро барои тайёр намудани сабад истифода мебаранд. Ин асбоби қадимаи мардуми кўҳистон барои кашондани ҳар гунна борҳо (коҳ, мева, дон ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Ман дар хонам зиёда аз 10 намуди сабадро бофта нигоҳ медорам ва ин асбоб хело осон ва арзон ба даст оварда мешавад. Ин ҳунарамро ман ба дигарон то имрўз омўзондам, то ин ки насли оянда аз ин ҳунар бархурдор бошанд».

3.12. Аз таҷрибаи пўхтани нонҳои гуногун дар деҳот.

Тайёр намудан ва пўхтани нонҳои гуногун ва калонҳаҷм бештар дар деҳоти кўҳистони водии Рашт хело маъмул мебошад. Дар ин води кўҳистон занҳои деҳот аз гузаштагони хеш ҳунари волои тайёр намудани намудҳои гуногуни нон, аз қабили чапоти, кульча, фатир, қатмол, озуқ, паловгун, хасфатир, хасфатири варақӣ ва ғайраҳо омўхта то ба ин вақтҳо нигоҳ доштаанд. Баъзе занҳо нонҳои гирдачаро чунон калонҳаҷм мепазанд, ки иаметри онҳо ба 1,2- 1,5 метр мерасад. Мувофиқи маълумотҳои аз онҳо ҷамъовардаи мо сифати нон ва калони вай аз сифати орду навъи гандум вобастагӣ дорад. Онҳо дар ин кор орди гандуми навъҳои маҳалии дар осёбҳои обӣ тайёр гаштаро баҳои баланд медиҳанд.

3.13. Аз таҷрибаи тайёр намудани маводи табобатии «қиёми зирк»

Дар деҳаи «Чуянгарон»- и ноҳияи Рўдакӣ зани кўҳансоли 87 сола Зумрад Азимова иқомад дорад. Он кас ба мо нақл намуданд, ки «…ин таҷрибаи қадимаи мардумиро, яъне тайёр намудани зирки қиёмро аз падараш вақте, ки 25 сола будааст омўхтааст. Барои тайёр намудани ин маводи дорўворӣ ман аз баргҳои буттаи зелол ва решаи он истифода мебарам. Дар зарфи махсус ман омехтагии обу барг ва решаҳои зелолро то пўхта расидану ранги сиёҳро гирифтанашон меҷўшонам. Баъд аз он маводи тайёргаштаро гирифта дар зарфи махсус дар муддати якчанд рўз дар шароити ҳарорати хона нигоҳ медорам. Дар ин муддат ин маводи тайёргашта каме сахт мегардад, ки ин нишонаи пўхта расидани «зирки зулол» мебошад. Ин доруворро одамон вобаста аз намуди касалиашон бо миқдори муайян бо ҳамроҳии оби ҷушонида шуда пеш аз хоб истеъмол менамоянд. Қиёми зирк асосан барои табобати чунин касалиҳо, аз қабили шамолкашии узвҳои нафаскашӣ, бехобӣ, беҷойшавии узвҳои бадан, шикастани ўстухонҳо ва ғайраҳо истифода мебаранд».

4.14. Аз таҷрибаи тайёр намудани ширинӣ.

Дар шаҳраки «Шахринав»- и ноҳияи Шаҳринав Маъруф Уроқов, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии «Рустам» мебошад, ба мо оиди таҷрибаи тайёр намудани шириниро нақл намуданд. Дар деҳаи «Будгун» - и води Қаратоғ дар баландии 1800 аз сатҳи баҳр навъҳои гуногуни дарахтони тут парвариш меёбанд. Аз меваи тут сокинони деҳот ширинӣ тайёр менамоянд. Ин маводи ғизоӣ ва табобатӣ дар натиҷаи хеле дурру дароз ҷушонидани меваи тут тайёр карда мешавад. Ширинӣ барои табобати шамолкашӣ, захми меъда, узвҳои ҳозима ва ғайраҳо истифода мегардад.


4. ЗИРОАТҲОИ МАҲАЛИРО БОЯД ҲИФЗ НАМУД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои қадимтарин ба шумор меравад. Аҳолии ин диёри кўҳистон аз қадимулайём ба кишоварзӣ машғул буд ва кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромади одамон ба шумор мерафт. Омилҳои асосии агроэкологии мамалакат ба монанди рушноӣ, пасту баланд гаштани ҳарорат дар муддати сол, инчунин зиёд будани нурҳои ултрабунафш, махсусан дар минтақаҳои кўҳӣ, барои тағир ёфтани як қатор хусусиятҳои морфологӣ, генетикӣ ва физиологии бисёре аз намояндагони набототу ҳайвоноти минтақа мусоидат менамуд. Бинобар ин Тоҷикистон ватани пайдоиши як қатор зироатҳои кишоварзӣ ба монанди гандум, ҷав, пиёз, зироатҳои лўбиёгӣ, харбуза ва ғайраҳо ба шумор меравад ва муаллифи асосии бештари ин навъҳо аз замонҳои қадим халқи тоҷик буд (Н.И. Вавилов).

Аҳолии мамлакатҳои Ҳиндустон, Хитой ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ ва ҳатто давлатҳои Аврупо низ аз дастовардҳои халқи тоҷик дар соҳаи ба даст овардани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ истифода кардаанд. Пайдо намудани навъи нави растаниҳо ва ҷуфткунонии зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои гуногуни ҳайвонот аз тарафи халқи тоҷик аз давраҳои қадим низ маълум буд. Вале дар муддати нимаи дуюми асри гузашта дар натиҷаи ба Тоҷикистон ворид сохтани дигар навъҳои зироатҳои кишоварзӣ аз дигар мамлакатҳо, бисёре аз навъҳои маҳалии зироатҳо, ки ба шароити иқлими маҳал хуб мутобиқ гашта буданд, оҳиста- оҳиста аз байн рафтанд. Ва мутассифона ин ҷараён имрўзҳо ҳам давом дорад.

Бинбар ин месазад, ки олимон ва кишоварзони мамлакат барои аз нав омўхтан, пайдо ва ҳифз намудани намунаҳо, навъу зотҳои қадимаи бобогии набототу ҳайвоноти кишвар бештар кушиш ба харҷ диҳанд. Ичунин дар айни замон зарурияти омўхтан ва аз нав эҳё намудани донишҳои суннатӣ, таҷрибаи ниёгон ва гуногуншаклии агробиологӣ на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар ин ҷодда мутахассисон ва коргарони Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҳаморӣ баҳри тараққиёт» бо дастгирии молявии Ташкилоти Кристенсен Фонд дар муддати солҳои 2007 ва 2008 дар ҳудуди водиҳои Ҳисор, Рашт, Зарафшон, Истаравшан ва Вахш, дар ҳудуди 12 ноҳия, 22 ҷамоат ва 44 деҳот як қатор тадқиқотҳоро оиди омўзиши гуногунии маҳалии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, донишу анъанаҳои суннатӣ ва роҳҳои аз нав эҳё сохтани онҳоро ба итмом расониданд. Тадқиқотҳои мо асосан дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳукуматҳои маҳал, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, занон ва аҳолии деҳот гузаронида шуданд. Барои гузаронидани вохуриву суҳбатҳо ва ҷамъ овардани маълумотҳои зарурӣ, мо аз ҷойҳои ҷамъиятии мардуми деҳот, чойхонаҳо, мактабҳо, масҷидҳо, майдонҳои наздиҳавлигӣ ва аз саҳроҳои кишоварзӣ истифода бурдем. Бо ҳамин тариқ тадқиқотҳои гузаронидашуда баҳри пайдо намудани деҳқонони таҷрибаноки донишҳои қадимаи кишоварзӣ, макони зисти онҳо, донишҳои қадимаву анъанаҳои суннатӣ ва гуногуншаклии набототу ҳайвоноти ин ё он маҳал равона карда шуда буданд. Барои тақвият бахшидан ба ҷараёни тадқиқотҳо мо инчунин ба ҷумҳурии ҳамсоя - Қиргизистон сафар намуда, оиди донишҳои мардумӣ дар ин ҷо маълумотҳоро гирд овардем. Мақсад ва визифаҳои тадқиқотҳо инчунин дар пажуишгоҳи илмӣ- тадқиқотии боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, ки дар он ҷо олимони соҳаи боғдорӣ, сабзавотпарварӣ, тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ фаъолият менамоянд баҳс карда шуданд. Инчунин мақсад ва вазифаҳои корҳои илмӣ дар конфронсҳои илмие, ки ба муносибати 120 солагии академик Н.И Вавилов дар пажуҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи Улуми ҶТ(2007) ва конфронсияҳои байналмилалии дар шаҳри Санкт - Петербург (2007 ва 2009) баргузор гашта буданд, асоси баҳси олимон қарор гирифтанд.

Мо тадқиқотҳои хешро дар водии Ҳисор дар ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ, Ваҳдат, Варзоб, Шаҳринав, Файзобод ва Турсунзода гузаронидем. Водии зархези Ҳисор дар маркази ҷумҳурӣ воқеъ аст ва сокинони ин сарзамини бостонӣ мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ба корҳои кишоварзӣ зиёда аз 8 ҳазор сол боз инҷониб машғул будаанд. Ҷойҳои қадимаи таърихии кишоваразӣ (заминдорӣ) дар ин водӣ, асосан водии Қаротоғ, Хонақои Кўҳӣ ва Қалъаи Ҳисор ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин мо сафарҳои омўзиширо (экспидисияҳоро) дар ин минтақаҳои қадима барои аз нав пайдо намудани донишҳои сунатии мардуми деҳот ва гуногуншаклии набототу ҳайвоноти ин водӣ ташкил намудем. Мувофиқи маълумотҳои ба даст оварда аз даврони қадим аҳолии водии Ҳисор асосан ба боғдорӣ, ба кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, парвариши ҳайвонот ва паррандагон машғул будаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои гузаронида шуда дар ин водӣ ба мо муяссар гашт, ки 174 намуди зироатҳои кишоварзиро, ки аз қадимулайём дар ин ҷо парвариш карда мешуданд, пайдо намуда, сифатҳои хуби онҳоро навишта баҳо диҳем. Аз ин миқдори навишта гашта, навъҳои себ – 48 - то, ангур – 35, тут – 19, зардолу - 18, каду- 15, шафтолу – 12, нок - 8, чормағз - 6, гандум - 5, лўбиё – 4, ҷав – 2 ва боқле – 2 –то пайдо ва навишта гаштанд, ки ҳамаи ин намуду навъҳоро сокинони деҳоти водӣ парвариш намуда, то кунун нигоҳ доштаанд.

Дар Вилояти Суғд мо корҳои омўзиширо дар ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кўҳӣ, Истаравшан, Ғончӣ ва Исфара гузаронидем. Таърихи кишоварзӣ дар ин ноҳияҳои вилоят хело тўлонӣ буда, ҳазорон солро дар бар мегирад. Соҳаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзии вилоят боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ ба шумор мераванд. Дар ҳудуди ин вилоят мо 168 навъҳои маҳаллии зироатҳои кишоварзиро пайдо карда, оиди онҳо маълумотҳои заруриро ҷамъ овардем. Дар ин ҷо навъҳои нодири маҳалии зардолуҳо – 51- то, себ – 32, ангур – 19, тут – 13, каду - 13, шафтолу – 12, чормағз - 8, нок - 5, нок – 5, лўбиё – 4, гандум - 2, ҷав – 2, боқле – 2 – торо ташкил намуданд, ки онҳо то имрўз аз тарафи деҳқонони асил нигоҳ дошта, дар ҷараёни истеҳсолоти кишоварзӣ истифода бурда мешаванд.

Дар водии Рашт бошад тадқиқотҳои мо дар ҳудуди ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Рашт ва Ҷиргатол сурат гирифтанд. Ин водӣ бо меваҳои ширину хуштаъмаш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маълуму машҳур гаштааст. Кишоварзӣ дар ин водӣ низ таърихи тулонӣ дорад. Дар ин води мо 107 - то номгўи зироатҳои маҳалии кишоварзиро пайдо намудем. Аз ин миқдор аз ҷумла себ – 31-то, каду - 15, тут -12, нок - 10, зардолу- 10, ангур – 7, шафтолу - 5, гандум - 5, чормағз - 4, лўбиё – 4, ҷав – 2 ва боқле – 2- то навъҳои нодири маҳалӣ пайдо карда шуданд. Ин навъҳои зироатҳои кишоварзиро аҳолии деҳоти кўҳистон аз даврони қадим боз парвариш карда, то ҳоло нигоҳ медоранд.

Дар водии Вахш, ки он дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ ҷойгир гаштааст, мо тадқиқотҳои заруриро дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷиликул ва Ҷалолидини Румӣ гузаронидем. Дар он ҷо ба ғайр аз пахтакорӣ сокинони деҳот ба боғдорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ба парвариши зироатҳои ситрусӣ низ сару кор доранд. Дар ин водӣ мо 85 намуди зироатҳои маҳалии кишоварзиро пайдо кардем ва ба онҳо маълумотнома тайёр намудем. Аз ин миқдор наъҳои ангур – 17 – то, себ – 15, зардолу- 12, шафтолу – 11, каду - 10, тут – 9, чормағз - 4, нок - 2, лўбиё – 2, гандум - 2 ва 1- то боқле мансубанд.

Дар маҷмўъ дар натиҷаи омўзишҳо дар манотиқи гуногуни дар боло зикршуда мо зиёда аз 233 навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳандаро, аз он чумла 80 навъи себи маҳалӣ, 57 навъи зардолу, 41 навъи ангур, 20 навъи тут, 14 навъи шафтолу, 11 навъи чормағз ва 10 навъи нокро, ки онҳо ба нигоҳубинӣ махсус ва зиёд намудани онҳо барои наслҳои оянда бо роҳи пайвандкунӣ эҳтиёҷ доранд пайдо намудем. Аз навъҳои зироатҳои яксолаи кишоварзӣ бошад мо 20 навъи маҳалии каду, 7 навъи гандум, 4 навъи лўбиё, 3 навъи боқле ва 2 навъи ҷавро пайдо намудем, ки онҳо дар асоси баҳодиҳии мардуми деҳот таъми хуби хўрокӣ ва дигар сифатҳои мусбиро доро мебошанд.

Дар раванди гузориши тадқиқотҳо мо бо 930 нафар сокинони деҳот вохўрда, бо онҳо сўҳбатҳо оростем. Аз ин миқдор 294 нафарашон деҳқонони ботаҷриба буданд, ки онҳо оиди донишҳои сунаттӣ дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи бой доштанд. Инчунин мо бо 109 нафар мутахассисони ҳунарманд доир ба пайванд кардани дарахтони мевадиҳанда, 123 нафар – устоҳои мардумии шикастабанди ўстухони шикастаи одаму ҳайвонот, 24 нафар табибони халқӣ, ки бо ёрии алафҳои кўҳӣ одамонро аз ҳар гуна касалиҳо табобат мекунанд ва 30 нафари дигар, ки таҷрибаҳои гуногуни мардумиро доранд (тайёр кардани маҳсулоти ширӣ, чизҳои пашмӣ, тайёр кардани маҳсулотҳои дигари хоҷагӣ, аз чуб тайёр кардани қошуқ, табақ ва ғайраҳо) вохўриҳои судманд оростем.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи баҳодиҳии худи сокинони деҳот аксари навъҳои маҳалии зироатҳо ва дарахтони мевадиҳанда ба касалиҳо хело тобовар буда, ҳар сол ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Ин навъҳои маҳалӣ солҳои зиёд дар шароити ин ё он маҳал парвариш ефта, ба шароити ин маҳал мутобиқ гаштаанд ва нишонаҳои авлодиашонро нигоҳ медоранд. Бинобар ин месазад, ки дар оянда чунин навъҳо бояд нигоҳубин, парвариш ва дар дигар манотиқи мамлакат зиёд гардонида шаванд.

Ба ҳамин тариқ тадқиқотҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки агар мардуми деҳот ва мақомоти ҳукумати маҳал бо ҳамроҳии олимони соҳаи кишоварзӣ дар солҳои наздик барои нигоҳ доштани баъзе аз навъҳои нодири маҳалии зироатҳои кишоварзӣ чораҳои фаврӣ наандешанд, ин навъҳо метавонанд дар мамлакат тамоман нест гарданд ва аз чунин захираҳои нодири генетикии маҳалӣ, ки дар муддати ҳазорон солҳо онҳо аз гузаштагонамон мерос мондаанд, наслҳои оянда бе насиб гарданд.

Ҳоло мутахассисони ташкилоти мо ба ҳамроҳии деҳқонони таҷрибанок барои нигоҳ доштан ва зиёд намудани навъҳои нодири маҳалӣ дар водиҳои Ҳисору Рашт дар майдони як гектар ниҳолхонаҳоро ташкил намудаанд, ки соли 2010 бояд корҳои пайвандкунӣ ва афзоиши навъҳои маҳалиро ба роҳ монанд. Маълумотҳо оиди ин деҳқонон дар ҷадвали поён овада шудааст.

Умедворем, ки дар оянда ин деҳқонони асил дар нигоҳдорӣ ва афзоиши навъҳои маҳалии зироатҳои кишоварзӣ дар водиҳои Ҳисору Рашт саҳми босазои хешро гузошта, донишу малакаи андўхтаи хешро ба ҷавонони деҳот ёд медиҳанд. Инчунин мо дар ҳудуди се мактаби дар ҳудуди ноҳияҳои Рашт, Ваҳдат ва И. Сомонӣ воқеъ буда, дар майдони 0,15 га ниҳолхонаҳоро таъсис додем, то ин ки ба насли наврас низ нозукиҳои нигоҳдории зироатҳои маҳалӣ ва ҳифзи гуногунии агробиологиро нишон диҳем.

АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Партоев К., А. Джумахмадов, К. Меликов, Г. Шуккулобекова. Сохранение биоразнообразия и традиционных знаний на благо общества. Проблемы сохранения биоразнообразия на охраняемых природных территориях Узбекистана. Нукус- 2008, стр.100-104.

2. Партоев К., Джумахмадов А., Меликов К. Сохранение местного агробиоразнообразия – путь к продовольственной безопасности в условиях Таджикистана. Труды по прикладной ботанике, генетике и селекции, том 166. Санкт – Петербург 2009, стр.436-439.


Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.