Шудгори тирамоҳ
Бино ба иттиллои фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дурнамои шудгори заминҳо соли ҷорӣ 624349 гектарро дар бар мегирад. То санаи 10.01.2011 дар майдони 404562 (64,8 %) гектар замин шудгор карда шудааст,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107581 га зиёд мебошад.
Айни замон шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон 309770 гектар, вилояти Суғд 207666 гектар, ВМБК 7913 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 99000 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти тоза намудани заминҳо аз ғузапоя.
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ тоза намудани заминҳои пахта аз ғузапоя идома дорад. Соли ҷорӣ нақшаи тоза намудани заминҳои пахта аз ғузапоя 162387 ҳазор гектарро ташкил дода то 10.01.2011 майдони 162387 гектар замини пахта аз ғузапоя тоза карда шудааст, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3519 га зиёд мебошад.
Тоза намудани заминҳои пахта аз ғузапоя дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон майдони умумии он 100598 гектарро ташкил медиҳад, айни замон майдони 100598 гектари он аз ғузапоя тоза карда шудааст, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад.
Дар вилояти Суғд майдони умумии ғузапоя тибқи нақша 53977 гектарро ташкил медиҳад, ки масоҳати 53977гектари он аз ғузапоя тоза карда шудааст, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад.
Дар Н.Т.Ҷ.бошад майдони заминҳои ғузапоя 7812 гектарро ташкил медиҳад, ки то санаи зикргардида пурра аз ғузапоя тоза карда шудааст.
Рафти кишти тирамоҳ
Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои кишти тирамоҳ дар ҷумҳурӣ 202,2 50ҳазор гектарро ташкил медиҳад. То санаи 10.01.2011 дар майдони 195401 га кишт гузаронида шудааст,ки баробари 96,6-фоизи дурнамо мебошад.
Майдони кишти тирамоҳ мувофиқи дурнамо дар ВМБК 900 га ташкил медиҳад ва то имрўз дар майдони 983 гектар замин кишти тирамоҳ гузаронида шудааст, ки баробари 109 фоизи иҷрои дурнамо мебошад. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 964 га зиёд мебошад.
Дурнамои кишти тирамоҳ дар вилояти Суғд 44969 га мебошад, айни ҳол 45087 га замин пурра кишт кардашудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 225 га зиёд мебошад.
Дар вилояти Хатлон дурнамои кишти тирамоҳии заминҳо 120726 га мебошад ва то имрўз майдони 119961 га замин шудгор карда шудааст, ки ин нишондод ба 99,4 фоизи иҷрои нақша баробар аст.
Дар НТҶ дурнамои кишти тирамоҳ 35655 га мебошад ва айни замон дар майдони 29370 га (82,4%) замин кишт гузаронида шудааст.
Oид ба рафти иҷрои фармони Президенти ҷумхурии Тоҷикистон № 683 аз 27 августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловаги доир ба рушди сохаи богу токпарварӣ дар ҷумхурии Тоҷикистон барои
солҳои 2010-2014 то 10 январи соли 2011
Бино ба иттиллои фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дурнамои рушди соҳаи боғу токпарвари дар Чумҳури соли ҷорӣ 10982,5 гектарро дар бар мегирад.Аз он ҷумла Зардолу 3810,6 гектар, Ток 1183 гектар, боғ аз ҳисоби буҷет 160 гектарро дар бар мегирад.Фоизи иҷрошуда ҳамаги 330 (3,0%), Зардолу 138 (3,6%), Ток 24
(2,0%) ташкил медихад.
Дар вилояти Суғд 4560 гектар аз он чумла Зардолу 3810,6 гектар, Ток 394 гектар, боғ аз ҳисоби буҷет 50 гектарро дар бар мегирад.
Дар вил.Хатлон ҳамаги 5616 гектар аз он ҷумла Зардолу 1437 гектар,Ток 585 гектар ва аз ҳисоби буҷет 110 гектарро ташкил медиҳа. Иҷро ҳамаги 330 гектар, (5,9%), Зардолу 138гектар, Ток 24га, (2,0%).
Дар ВМКБ хамагӣ 33 гектар, аз он Зардолу 26,6 гектар мебошад.
Дар НТЧ хамаги 773,5 гектар, аз он Зардолу 64 гектар, Ток 203,5 гектарро дар бар мегирад.
Маълумот
оиди гармхонахои доими мувофики вилояту шахру нохияхои чумхури то 10
январи соли 2011.
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дар Чумҳури тибқи супориш Гармхонаҳои доими 68,26 гектар мебошад, майдони киштшуда 40,16 гектар, фоиз (59%) дар бар мегирад ки аз он Помидор 17,13 гектар,Бодиринг 11,04 гектар, дигар сабзавотхо 11,19 гектарро дар бар мегирад.Истехсоли шудааст бодиринг 64,1 тонна,дагар сабзавотхо 5 тонна.
Дар ВМКБ майдони киштшуда 1,48 гектар, Помидор 0,09 гектар, Бодиринг 0,29, Дигар сабзавотҳо 11,99гектарро ташкил медиҳад.
Дар вил.Суғд супориш 25,01 гектар, майдони киштшуда 19,04 гектар,фоизи ичро (76,1%) мебошад ки Помидор 7,05га, Бодиринг 4,51 га, Дигар сабзавотҳо 7,48 мебошад.
вил.Хатлон супориш 28,91 гектар,майдони киштшуда 14,92 гектар,фоизи иҷро (52%) дар бар мегирад. Помидор 7,75 га, Бодиринг 5,30 га, Дигар сабзавотҳо 1,87га мебошад ки истеҳсол шудааст Бодиринг 64,1гектар, Дигар сабзавотҳо 5 гектар.
НТЧ супориш 14,34 гектар, майдони киштшуда 4,72 га, фоиз (33%) аз он Помидор 2,24 гектар, Бодиринг 0,94га, Дигар сабзавотҳо 1,54 гектарро ташкил медиҳад.
Шўъбаи матбуот ва
иттиилооти вазорати кишоварзӣ
Тел. 227-3953
| < Предыдущая | Следующая > |
|---|
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
